Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли зиндон барои "гусели" ҳашт сокини Тоҷикистон ба Сурия


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як шаҳрванди кишварро барои фиристодани ҳашт нафар ба ҷанги Сурия ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Мақомоти Додситонии кулл рӯзи 9 феврал эълон карданд, ки ҳукми Бобохонов Ф. Ш. охирҳои моҳи январи имсол эълон шудааст. “Вай дар Русия тариқи барномаҳои Вайберу Зелло ва Одноклассники аз ақидаҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайравӣ карда ва ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағи худ ба ҷанги Сурия фиристодааст”, - гуфтанд дар Додситонии кулл. Ба қавли манбаъ, парвандаи Бобохонов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар” баррасӣ шудааст. Бобохонов мӯҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG