Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) дар арафаи интихоботи президентии Туркманистон бо нашри як изҳорот баргузории интихоботи озоду шаффоф ва боадолатро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ зери суол бурдааст. Ин созмон мегӯяд, дар Туркманистон барои интихоби озоди раҳбари давлат ҳеч шароит фароҳам нест. "Дар Туркманистон ягон бор интихоботи озоду боадолат баргузор нашудааст ва интихоботи 12 феврал низ истисно нахоҳад буд", - гуфт Ҳю Уиллямсон, раҳбари HRW дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.
Ба гуфтаи вай, хулосаи созмон ба назорати пайвастаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон асос ёфтааст. "Дар кишваре, ки ҳуқуқи инсон сахт поймол мешавад, озодии баён, матбуот ва ҷамъомадҳо вуҷуд надорад ва мо фикр мекунем, интихоботи озод низ баргузор нахоҳад шуд" - афзуд Уиллямсон. Уиллямсон ҳамчунин қайд кард, ки мақомоти Туркманистон ба созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ, аз ҷумла HRW иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. "Шарикони байналмилалии Туркманистон бояд ба Ишқобод фишор оварда, риояи ҳуқуқи асосии инсон ва иҷрои ислоҳоти деринтизорро талаб кунанд", - изҳор дошт вай.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти 59-солаи кунунии Туркманистон, ки аз соли 2007 инҷониб зимоми қудратро дар даст дорад, яке аз номзадҳои асосии интихоботи 12 феврал шумурда шуда, мехоҳад, даври севум низ кишварашро раҳбарӣ кунад. Бар пояи Қонуни асосии нави Туркманистон, ки моҳи сентябри соли 2016 тасдиқ шуд, президенти ояндаи ин кишвар барои 7 сол интихоб мешавад. Мақомоти Ишқобод мегӯянд, дар таърихи Туркманистон, ки соли 1991 мустақил эълон шуд, бори нахуст 12 феврали соли равон президенти ин кишвар дар шароити бисёрҳизбӣ интихоб мешавад.