Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш корманди Cалиби Сурх дар Ҷузҷон кушта шуд


Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) гуфт, ки дар пайи як ҳамла шаш корманди маҳаллияш дар вилояти Ҷузҷон, шимоли Афғонистон, кушта шуданд. Ин Кумитаи хайрия рӯзи 8 феврал гуфт, ки ду корманди дигараш пайдо нест.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Аммо волии Ҷузҷон, Мавлавӣ Лутфулло Азизӣ гуфт, дар паси ин ҳамла ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" меистанд. Ӯ афзуд, ки ҷангиёни вафодор ба ДИИШ дар ин минтақа фаъол шудаанд.

Азизӣ гуфт, кормандони Салиби Сурх дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки ба мардуми осебдида аз тармахезии ахир маводи имдодӣ мебурданд. Толибон даст доштани худро дар ин ҳамла рад кардааст.

XS
SM
MD
LG