Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин 28 феврал ба Тоҷикистон меояд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – рӯзи 28 феврали имсол ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар ин бора рӯзи 8 феврал хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, вале гуфт, ҳоло маълум нест, Путин дар ҷараёни сафар чӣ масъаларо баррасӣ мекунад.

Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод ва гуфт, “мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”

Баъдан мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Неъматулло Ҳикматуллозода – вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон – рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон бояд имзо шаванд, “асосан барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе аз минтақаҳои бузурги Русия нигаронда шудаанд.” Аммо дар остонаи ин сафар гуфтумонҳое дар бораи эҳтимоли мувофиқати Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба гӯш мерасад.

Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд. Вай дар ин нишаст гуфта буд, ки “Тоҷикистон чун шарики стратегӣ метавонад ба кумаки Русия умед бандад”. Тоҷикистону Русия 25 сол боз равобити дипломатӣ доранд.

XS
SM
MD
LG