Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенаторҳои Амрико аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия ҷилавгирӣ мекунанд


Латвия- Сенатор Ленси Грэм ҳангоми сӯҳбат дар нишасти матбуотӣ. Рига, 28 декабри соли 2016.
Латвия- Сенатор Ленси Грэм ҳангоми сӯҳбат дар нишасти матбуотӣ. Рига, 28 декабри соли 2016.

Рӯзи чаҳоршанбеи 8 феврал як идда сенаторҳои Ийолоти Муттаҳида, бо сарварии сенатори ҷумҳурихоҳ Ленки Грэм ва сенатори демократ Бен Кардин, тарҳеро пешниҳод мекунанд, ки ҳақи вето ба қарори президент, оиди лағви таҳримҳо алайҳи шаҳрвандон ва ширкатҳои Русияро таъмин мекунад.

Тибқи сандаҳое, ки дар ихтиёри шабакаи телевизионии CNN қарор гирифт, тарҳи қонун мавридеро дар назар мегирад, ки Кохи Сафед бояд аз тасмимҳои худ дар робита ба лағв ё нарм кардани таҳримҳо Конгрессро дар ҷараён гузорад. Ба Конгрес ҳақ дода мешавад, ки фармонро баррасӣ ва онро тавассути овоздиҳӣ масдуд кунад. Ин тарҳ бо ибтикори сенаторҳо Ҷон Маккейн, Марко Рубио, Клейр Маккаскил ва Шеррод Браун таҳия мешавад. Ба гуфтаи Марко Рубио, тарҳи қонун аз пуштибонии густарда дар Сенат бархурдор аст ва тасвиби он аз эҳтимол дур нест, агар президент ба нарм кардани таҳримҳои алайҳи Русия, қабл аз он ки ин кишвар нерӯҳояшро аз шарқи Украина барорад, иқдом кунад.

Як гурӯҳи дигари сенаторҳо талош доранд, ки пуштибонии тарҳи худро таъмин кунад. Ин тарҳ барои дахолати Русия ба умури интихоботи ИМА ва иқдомоти ғайри дӯстонаи дигар, таҳримҳои бисёрҷониба алайҳи Кремлинро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG