Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони қирғиз аз барномаи "Келин" шикоят карданд


Реалити-шоу ё намоиши воқеии "Келин" дар телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон бо он, ки ҳадафаш дар як барномаи муоширатӣ нишон додани вижагиҳои фарҳанг ва рӯзгори оилаи қирғизӣ буд, ба вокунишҳои гуногуни ҷомеа рӯбарӯ гашт. Дар ҳоле ки танҳо бахши аввали ин намоиш бо ширкати 26 духтар пахш шуд, ҷунбиши феминистҳо ё ҳомиёни ҳуқуқи занони Қирғизистон талаб кард, ки барнома қатъ гардад. Дар акси ҳол, эълом дошт ин созмон, барои боздоштани нашри он ба порлумони кишвар муроҷиат хоҳад кард.

Тарафдорони намоиш мегӯянд, он аҳамияти тарбиявӣ дорад ва ба духтарон, ки то рафт аз масъалаҳои хонаву рӯзгор дур мешаванд, шеваи оиладориро меомӯзонад. Ба ақидаи мудири барнома Хадича Ҳасанова, ҳадафи намоиш ҷалби духтарони ҷавон ба арзишҳои оилавист. Аммо фаъоли ҳуқуқи занон Умай Арикова бар ин аст, ки "бе ин ҳам дар деҳот ба арӯсон ҳамчун ба ғулом муносибат мекунанд ва онҳо маҷбуранд, тамоми корҳои хонаро кунанд, зарфҳоро шӯянд, кӯдак таваллуд кунанд ва ғайра. Келинҳо ин барномаро дида, ба хулосае меоянд, ки бояд ҳамин гуна зист ва ҳаргиз сар боло накард."

Мудири кулли Шабакаи телевизион ва радиои ҷамъиятии Қирғизистон Илим Карипбеков гуфт, намоиш қатъ нахоҳад шуд, балки барои баррасии вокунишҳои гуногун ва тазодомез ҷаласаи шӯрои муҳаррирон баргузор шуда, сарнавишти барномаро ҳал хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG