Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Афғонистон қасди саркӯби террористонро доранд


Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва Афғонистон қасд доранд барои саркӯб кардани гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон даст ба иқдомҳои муштарак зананд. Фаҳим Кӯҳдоманӣ, котиби аввали Сафорати Афғонистон дар Душанбе, рӯзи сешанбеи 7 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нукта дар дидори Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот мавзӯъи таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар қисмати шимолии Афғонистон, дар наздики марзҳои Тоҷикистон баррасӣ шуда ва ҷонибҳо дар мавриди роҳҳои саркӯб кардани ин гурӯҳҳо баҳс кардаанд.

Фаҳим Кӯҳдоманӣ
Фаҳим Кӯҳдоманӣ

Вай гуфт: “Сафири Афғонистон итминон дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои саркӯб сохтани террористон омодагии лозими худро дорад. Аммо дар ин мубориза Афғонистон ба ҳамкориҳои кишварҳои дигар бо шумули Тоҷикистон ниёз дорад. Тоҷикистон метавонад бо тафоҳум нерӯҳои амниятии Афғонистон дар бахшҳои кашфӣ ва ҳам дифоӣ ҳамкорӣ намояд”.

Зимнан, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 23 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористӣ дар наздики марзи ин кишвар дар Афғонистон хабар дод. Расонаҳои Русия аз қавли Рамазон Раҳимзода теъдоди аъзои ин гурӯҳҳоро то 2,5 ҳазор нафар арзёбӣ кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд.

Аммо манобеи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтанд, дар вилоятии Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гурӯҳҳои хурди террористӣ фаъол ҳастанд ва теъдоди аъзои онҳо чандон зиёд нест.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон дар мавриди таҷаммӯи теъдоди зиёди террористон на танҳо дар вилояти Кундуз, балки дар вилоятҳои дигари ҳаммарз бо Тоҷикистони Тахору Бадахшон низ хабар додаанд. Теъдоди террористон дар ин вилоятҳо беш аз 3 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Ин манобеъ гуфтанд, нерӯҳои давлати Афғонистон дар сададанд дар баҳори соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳҳо амалиёти густардаро роҳандозӣ карда ва онҳоро комилан саркӯб кунад.

Дар пайи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар охирҳои соли 2014 вазъи амниятӣ дар вилояти Кундузи ин кишвар вахим шуда ва дар охирҳои моҳи сентябри соли 2015 шаҳри Кундуз ба тасарруфи нерӯҳои Толибон даромад. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷараёни даргириҳо дар ин шаҳр 289 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуда буданд. Дар тирамоҳи соли гузашта низ ин гурӯҳ қисматҳои зиёде аз шаҳри Кундузро барои чанд рӯз ба тасарруфи худ дароварданд.

XS
SM
MD
LG