Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори FoxNews соли 2023 аз Путин узр мепурсад


Билл О'Рейли, ровии шабакаи телевизионии FoxNews гуфт, ки қасд надорад солҳои наздик дар заминаи суханони худ нисбати Владимир Путин, узрхоҳӣ кунад. "Ман албатта сари узрхоҳӣ кор мекунам, аммо ин замон мебарад",- гуфт Билл О'Рейли. "Агар мехоҳед инро соли 2023 бисанҷед".

Билл О'Рейли рӯзи якшанбеи 4 феврал дар ҷараёни сӯҳбат бо президенти ИМА Доналд Трамп, дар ҳоле раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро "қотил" номид, ки мехост аз Трамп сабаби эҳтироми ӯ ба раҳбари Русияро бифаҳмад. О'Рейли нагуфт, ки Путин киро қатл кардааст.

Кремлин гуфтаҳои ровии FoxNews-ро "ғайриқобили қабул ва таҳқиромез" унвон кард ва сухангӯи президент гуфт, ки дар ин замина узри хабарнигорро интизоранд.

Песков аз посухи Трамп ба ин суол ёдовар нашуд. Трамп дар ҷавоб ба пурсиши Билл О'Рейли бо ишора ба ҷанги Ироқ дар соли 2003 гуфт, "Мо қотили зиёд дорем. Ба назари шумо кишвари мо бегуноҳ аст?"

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG