Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Исроил шаҳракҳои муҳоҷиронро қонунӣ кард


Порлумони Исроил наздик ба чаҳор ҳазор маскани муҳоҷиронро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар замини хусусии фаластиниҳо дар Каронаи Ғарбии рӯди Урдун сохта шудаанд, қонунӣ кард. Ин тарҳ шоми душанбе бо 60 раъйи тарафдор ва 52 зид ба тасвиб расид.

Бино бар санад, фаластиниҳое, ки аз ибтидо соҳиби ин қитъаҳо буданд, ба ҳайси ҷуброн пул ё дар минтақаҳои дигар замин хоҳанд гирифт. Мақомоти худгардони Фаластин фурӯхтани заминро аз тарафи фаластиниҳо ба Исроил манъ ва барои ин ҷазои қатл ҷорӣ кардаанд.

Пештар тарҳи ин қонун ҳам дар Исроил ва дар ҳам дар ҷаҳон шадидан интиқод мешуд. Интизор меравад, он ба додгоҳ кашонда хоҳад шуд. Додситони кулли Исроил Авихай Манделбит ин тарҳро хилофи Қонуни асосии Исроил номид.

Фаластиниҳо аллакай қонуни навро маҳкум намуда ва гуфтанд, ки он ба нооромиҳо ва ҳарҷу марҷи бештар дар минтақа сабаб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG