Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҳонӣ гуфт, ки созиши ҳастаӣ бо Эрон ба манфиати ҳамаи тарафҳост


Бар хилофи ончӣ раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳида Доналд Трамп мепиндорад, аз созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамаи тарафҳо баҳра мебардоранд, гуфт Ҳасан Руҳонӣ, президенти Эрон.

Трамп қарордод бо Эронро, ки моҳи июли соли 2015 ба имзо расид ва таҳримҳои алайҳи Теҳронро ба ивази ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаӣ сабуктар намуд, "фалокатбор" унвон кардааст.

"Раиси ҷуҳмури нави Амрико матни созишномаи ҳастаиро мехонад, аммо онро қабул надорад", гуфт Руҳонӣ рӯзи 7 феврал дар телевизиони Эрон. "Ӯ мегӯяд, ки ин бадтарин созиш дар таърих аст".

Аммо раиси ҷуҳмури Эрон гуфт, ки ин қарордод метавонад "ҳамчун намуна барои гуфтушунидҳои таъмини эътидол ва амният дар минтақа истифода шавад".

Ба думболи санҷиши мушаки баллистикӣ аз ҷониби Эрон, маъмурияти Трамп рӯзи 3 феврал алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 7 феврал аз давлатҳои "масъул" даъват кад, ки аз президенти ИМА пайравӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG