Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон пеш аз интихобот нархҳоро поин мебаранд


Дар арафаи интихоботи президентии Туркманистон, ки қарор аст 12 феврал баргузор шавад, назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои ин кишвар пурзӯр шудааст. "Чанд рӯз аст, кормандони андоз, шаҳрдорӣ ва ташкилотҳои тиҷорӣ бозорро давр зада, маҷбур доранд, ки маҳсулотро бо нархи арзонтар фурӯшем", - гуфт як фурӯшандаи "Мир бозор".

Бояд гуфт, маҳсулоти бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон тайи чанд соли ахир ду нарх доранд. Арзиши воқеӣ аз оне ки дар нархнома нишон дода шудааст, 40-60% боло аст. Як фурӯшанда мегӯяд, ки "намояндагони ҳукумат талаб доранд, ки маҳсулотро бо нархи "нишондодаи онҳо" фурӯшем, вале он зиёновар аст. Мо нархро бо назардошти шароити бозор муайян мекунем. Албатта, нархҳо қаблан низ назорат мешуданд, вале вақтҳои ахир намояндагони ниҳодҳои назоратӣ ҳар рӯз бозорҳоро давр мезананд."

"Тибқи баъзе гуфтаҳо, ин раванд то анҷоми интихоботи президентии Туркманистон идома меёбад", - изҳор медоранд фурӯшандаҳои туркман. Онҳо мегӯянд, аз ошкоро изҳори нигаронӣ кардан роҷеъ ба дахолати мақомот дар нархгузорӣ ҳарос доранд. "Зеро бо ҳар роҳ метавонанд, ки иҷозатномаатро бекор кунанд", - афзуд яке аз онҳо.

Дар Туркманистон назорати нархи маҳсулоти ғизоӣ ва ниёзи аввалияи мардум яке аз чораҳои мақомоти ин кишвар аст, ки дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ё сафари президент ба шаҳру навоҳӣ рӯи даст гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG