Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ баҳри ҷавонон дар иқдоми сулҳхоҳӣ дар 16-умин саммит ё ҳамоиши барандагони ҷоизаи Нобел, ки аз 2 то 5 феврал дар пойтахти Колумбия – шаҳри Богота – баргузор шуд, бо диплом сарфароз гашт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, диплом ба ФФТ барои татбиқи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» – мусобиқа миёни дастаҳои наздиҳавлигии кӯдакон - супурда шудааст.
Бояд тазаккур дод, лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд», ки аз соли 2013 роҳандозӣ шудааст, имсол барои чаҳорумин бор доир гардид. Вазифаи асосии лоиҳа ба машғулиятҳои футбол ҳарчи бештар ҷалб кардани теъдоди зиёди кӯдакон мебошад. Дар тӯли чаҳор соли ахир барои татбиқи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» беш аз 300 даста ширкат дошт, ки ҳудуди 10 ҳазор кӯдакро дарбар мегирифт.
Ёдовар мешавем, лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» соли 2015 дар Монако бо ҷоизаи созмони байналмилалии «Peace and Sport» (“Сулҳ ва варзиш”) мукофотонида шуда буд.
Аввалаш ин ки шархи макомот дуруг аст. Дуюмаш ин ки агар ин сарбоз ба чунин беморихо гирифтор шуда бошад, пас барои чи сари вакт уро табобат? Магар ин дидаву дониста ба марг расонидани сарбоз нест?!
Офтобро бо доман намепушонед. Худованд ба газабаш гирифтор кунад шуморо.
Аллоҳ раҳмату мағфират кунад ҷаноби раисро аз руи гапҳо одами хело хуб ва раҳмдил будаанд. Ман нав фаҳмидам ки устод Далер. Н. домоди Лелинобод будааст.
Хамин узбекистон аз вакташ дахолат мекардай дар корхои точикистон. Агар точик дар бораи тарихаш гап занад узбеко хафа мешаван, агар точик ягон филми тарихи мекард аз вакташ узбекохоро кахр мекард. Вактеки точик гуяд ман точикам бародарони узбек мегуян не шумо точик нагуед мусалмон гуед.
Ба чи корхое даст намезанан ин хукумат барои тарс додани чавонон токи гурехта ба Россия раванду хизмат накунан. Аз як су облава аз дигар тараф груз 200.