Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди нархи барқ дар вилояти Норини Қирғизистон


Қирғизистон- Эътирози зидди нархи баланди барқ дар Норин.
Қирғизистон- Эътирози зидди нархи баланди барқ дар Норин.

Сокинони вилояти Норини Қирғизистон аз гаронии нерӯи барқ эътироз мекунанд. Бо талаби коҳиши нархнома наздики 50 нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят даст ба тазоҳурот задаанд.

Ширкаткунандагони тазоҳурот аз ҳукумат талаб доранд, таруфаи нерӯи барқ бознигарӣ шавад. Онҳо хоҳиш кардаанд, ки бо назардошти иқлими минтақа нархи барқ дар ҳудуди 70 тин барои ҳар киловатт-соат муқаррар гардад ва нархи ангишт зери назорат қарор гирад.

Пештар хабар расида буд, ки дар вилояти Норин ба иллати сармои сахти зимистон нархи ангишт ба маротиб боло рафтааст. Бархе аз сокинон мегӯянд, маҷбуранд, барои гарм кардани манзил аз нерӯи барқ истифода баранд ва нархи он дар як моҳ ба 5000 сом ё 71 доллари амрикоӣ мерасад. Музди миёна дар Қирғизистон 190 доллар аст.

Имсол зимистон дар минтақа сахт омад ва ҳаво дар вилояти Норин шабона то 35-38 дараҷа сард мешавад.

Бино бар таруфаи мавҷуда истифодаи то 700 кВт/с дар моҳ 77-тинӣ шумориш мешавад ва нерӯи истифодашудаи зиёда аз ин бо нархи 2,16 сом пардохт мегардад.

XS
SM
MD
LG