Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Қирғизтелеком"-ро барои харидани Интернети гарон аз кор ронданд


Қирғизистон. Бинои Қирғизтелеком.
Қирғизистон. Бинои Қирғизтелеком.

Эмил Ешоналиев, раиси ширкати телекоммуникатсионии "Қирғизтелеком" дар пайи тафтиши қазияи харидории Интернети гарон аз Қазоқистон аз мақомаш барканор шудааст.

Хабари барканории Ешоналиевро имрӯз Бекзод Усенканов, раиси Шӯрои мудирони"Қирғизтелеком" эълон кард. Ешоналиев моҳи декабри соли гузашта, бо оғози тафтиши қазия муваққатан сабукдӯш шуда буд.

Додситонии кулли Қирғизистон моҳи ноябри соли 2016 нисбати ширкати "Қирғизтелеком" барои бастани шартномаи ғайриқонунӣ бо ширкатҳои фароҳамкунандаи интернети Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро шуруъ кард.

Бино ба фарзияи мақомот, раиси ҳамакнун пешини "Қирғизтелеком" гӯиё дидаву дониста бо ширкатҳои Қазоқистон шартномаи зиёноварро имзо кардааст.

Комиссияе, ки аз ҳисоби вакилони порлумон барои омӯзиши болоравии якбораи нархи Интернет дар Қирғизистон ташкил шуда буд, ба ҳукумати ин кишвар тавсия додааст, то Ешоналиев аз мақомаш барканор карда шавад.

Ин комиссия дар пайи омӯзиши қазия гуфтааст, ки дар амалҳои раиси пешини "Қирғизтелеком" "унсурҳҳои коррупсионию нақшаҳои ғайриқонунӣ"-ро ошкор кардааст.

XS
SM
MD
LG