Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибони "грин-корт" иҷозаи вуруд ба Амрикоро пайдо карданд


ИМА. Green Card, парчами Амрико ва корти ҳифзи иҷтимоӣ

Маъмурияти Кохи Сафед ба сокинони доимӣ ё ба истилоҳ соҳибони "грин-корт" иҷозат дод, ки ба ИМА ворид шаванд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ин тағйирот ба дастурамали иҷрои фармони ахири баҳбарангези Доналд Трамп, президенти нави ИМА ворид шудааст.

Президенти нави ИМА ахиран фармонеро имзо кард, ки вуруди мусофиронро аз Эрон, Сурия, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз манъ мекунад. Ҳамчунин бар пояи он, қабули паноҳандагон 120 рӯз ва фирориёни суриягӣ барои муҳлати номаълум мамнӯъст.

Ин фармон ҳатто нисбат ба шахсоне ҳам иҷро шуд, ки раводиди ИМА ё "грин-корт" доранд. Доналд Трамп дар маъракаи пеш аз интихоботияш мусулмононро барои Амрико "хатар" хонда, даъват кард, ки вуруди онҳо ба ин кишвар манъ карда шавад.

Ин суханҳои миллиардер баҳсҳои тундеро дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Баъдан ҷонибдорони Трамп гуфтанд, ки ӯ тундравони исломиеро дар назар дошт, ки мехоҳанд ба ИМА ворид шаванд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ҳаёте, ки фарқро аз байн бурдааст.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
XS
SM
MD
LG