Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи Маскав


Акс аз бойгонӣ

Дар садамаи пурқурбонии шоҳроҳи Варшавское дар минтақаи Маскави нав 8 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия – рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи садама мошини ҳомили муҳоҷирон оташ гирифта, ҷасади сӯхтаи шаҳрвандони кишвар ба сардхона интиқол ёфтааст.

Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд.

Ӯ гуфт, ин муҳоҷирон Қӯзиев Эркинҷон Расулович (соли таваллуд 1982, шаҳри Бӯстон, Чкаловск) ва Сақузов Бахтиёр Зиёдохунович (соли таваллуд 1987, ноҳияи Хуросон) ҳастанд, "вале маълумоти дигаре дар бораи чикора буданашон дар даст нест".

"Дирӯз, 1 феврал, баъди садама аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба мо занг зада, аз ҳодиса хабардор карданд. Гуфтанд, ки дар садама як шаҳрванди кишвари мо ҳалок шудааст. Баъдан намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафт ва имрӯз маълум шуд, ки дар маҷмӯъ ду шаҳрванди кишвар дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд", - афзуд ӯ.

Садамаи маргбор бо ҳузури муҳоҷирони тоҷик ва қирғизу узбак рӯзи 1 феврал дар шоҳроҳи Варшавское дар минтақаи Маскави нав иттифоқ афтод. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса як худрави "Тойота" ба мошини "УАЗ" бархӯрда, дар натиҷа, "УАЗ" – худрави ҳомили муҳоҷирон аз Осиёи Миёна – оташ гирифтааст. Ниҳодҳои тафтишотӣ дар ин садамаи пурқурбонӣ ронандаи "Тойота"-ро муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо суръати баланд ба хатти муқобили ҳаракат баромадаст.

Аз ин пеш, дар моҳи январи имсол дар садамае дар вилояти Саратови Русия ҳафт муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ - ду зану панҷ мард - аз ҷумла як сокини Конибодом ҷон бохтанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Саратов гуфт, ҳодиса дар километри 550-уми шоҳроҳи Нижний Новгород – Саратов рух додааст.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд. Яъне, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 тоҷик аз дунё мегузарад. Бархе аз онҳо – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро, бархе – бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва фалокат дар ҷои кор ҳалок шуда, шуморе аз маризиҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG