Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шумораи корбарони интернет кам шудааст


Дар Тоҷикистон шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ дар қиёс ба соли 2015 камтар шудааст. Абдуқаюм Исоев, як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 2 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки шумораи корбарони алоқаи мобилӣ 400 ҳазор нафар ва шумораи корбарони интернет 300 ҳазор коҳиш ёфтааст. Ин соли дувум аст, ки шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Пойгоҳи байналмилалии оморҳои марбут ба интернет Internet Live Stats тобистони соли гузашта дар як раддабандӣ Тоҷикистонро аз ҷиҳати шумораи корбарони интернеташ дар ҷаҳон дар мақоми 157 қарор дода буд. Бинобар арзёбии ин пойгоҳ шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон 1 миллиону 622 ҳазор нафар буданд. Яъне аз 8 миллиону 669 ҳазор аҳолии Тоҷикистон танҳо каме беш аз 18 дарсади мардум ба интернет дастрасӣ доштаанд.

Аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон он замон шумораи истифодабарандагони интернетро ба маротиб бештар гуфта буд. Бинобар иттилои Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон 3 миллион истифобарандагони интернет мавҷуд буданд. Ҳамзамон Хадамоти алоқа он замон гуфта буд, дар як соли охир шумораи корбарони интернет 800 ҳазор нафар коҳиш ёфтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG