Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнагарон даҳҳо почтаи электронии Вазорати хориҷии Чехро шикастанд


Маҷористон. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех, Любомир Заоралек ба сухароние дар нишасти кишварҳои гурӯҳи Вишеҳрад гӯш медиҳад. Августи соли 2016.
Маҷористон. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех, Любомир Заоралек ба сухароние дар нишасти кишварҳои гурӯҳи Вишеҳрад гӯш медиҳад. Августи соли 2016.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Любомир Заоралек рӯзи 31 январ гуфт, ки рахнагарони интернетӣ даҳҳо почтаи электронии Вазорати хориҷиро, бо шеваи ҳамлаи ҳакерӣ ба почтаҳои Ҳизби Демократи Амрико, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, шикастанд.

"Коршиносони варзидаи мо ба ман гуфтанд, ки ҳамла хеле печида буд ва бовар меравад, ки онро кишвари хориҷӣ анҷом додааст, гуфт Заоралек.

Вазири хориҷӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳамла ҳеҷ санади маҳрамона аз почтаҳои вазорат берун нарафтааст ва хабарнигоронро итминон дод, ки вазорат аз сохтори муҳофизатии қавӣ бархурдор аст.

Мақомоти Ийолоти Муттаҳида соли гузашта Русияро ба дахолат дар умури интихоботи раёсати ҷумҳури 8 ноябр ва ошкор кардани пайғомҳои мақомоти аршади Ҳизби Демократи Амрико муттаҳам карданд.

Моҳи октябр мақомоти Ҷумҳурии Чех як марди русро боздошт карданд, ки Амрико ӯро дар заминаи ҳамлаи ҳакерӣ, ба сохтори компютерии ИМА, ҷустуҷӯ мекард.

XS
SM
MD
LG