Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳарду тараф боз шуд

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз ду тараф шурӯъ шудааст. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, шоми сешанбе раҳбарияти чанд вазорат ва масъулони ширкати IRS аз қисматҳои осебдидаи ин роҳ дидан карда, ба хулосае омадаанд, ки ҳаракат дар ҳар ду самт ба роҳ монда шавад.

Юсуфова, ки феълан дар роҳи Душанбе-Чаноқ қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “роҳ аз тарма комилан тоза карда шуд ва нақлиёт дар ҳар ду самт ҳаракат мекунад.” Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эълон карда буд, аз 1 феврал ва то аввали моҳи март ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода ба сурати яктарафа, яъне рӯзҳои тоқ аз самти Хуҷанд ва рӯзҳои ҷуфт аз самти Душанбе роҳандозӣ мешавад.

Бар асари тармафароӣ дар ин роҳ панҷ нафар ҷон бохтанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳалокати 4 узви як оила дар сӯхторе дар канори Хуҷанд

Акс аз бойгонӣ

Бар асари сӯхтор дар хонаи як сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, канори шаҳри Хуҷанд, чаҳор узви оила, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса субҳи барвақти 25-уми феврал рух додааст.

"Дар муддати кӯтоҳ сӯхторро хомӯш карданд, аммо натавонистанд ҷони чаҳор узви хонадонро аз марг наҷот диҳанд. Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби ҳалокати онҳо шуд", -- гуфтанд дар Кумита.

Падари хонадон Абдуалӣ Раҷабов 28 сол ва ҳамсараш Сайида Раҷабова 25 сол доштаанд. Кӯдакони фавтида – Сафияи чаҳорсола ва Кабирҷони сесола буданд.

Сабабҳои сӯхтор маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Айни замон масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз мардум хостаанд, ки шабона чароғ ва дастгоҳҳои барқиро хомӯш кунанд, то сабаби сӯхтор нашавад.

Дар гузашта бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар манзили чанде аз соокинон сӯхтор сар зада, боис ба харобии хонаҳо ва марги аъзои оилаҳо шудааст.

Ҳуснӣ Муборак дар 91-солагӣ даргузашт

Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср. Акс аз моҳи апрели соли 2016

Ҳуснӣ Муборак – президенти пешини Миср – дар 91-солагӣ дар бемористони Қоҳира даргузаштааст. Дар ин бора телевизиони давлатии Миср рӯзи 25-уми феврал хабар дод.

Муборак, ки тақрибан се даҳа дар Миср ҷилави қудратро ба даст дошт, дар моҳи феврали соли 2011 тавассути низомиёни он кишвар барканор карда шуд.

Ӯ дар моҳи июни соли 2012 ба ҳамдастӣ дар қатли тазоҳуркунандагон дар ҷараёни эътирозҳои “Баҳори Араб" гунаҳкор шинохта шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Вале дертар Додгоҳи олии Миср Ҳуснӣ Муборакро “сафед” кард ӯ дар соли 2017 аз зиндон раҳо шуд.

Трамп барои мубориза бо вируси хатарнок 2,5 миллиард доллар хост

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп барои мубориза ба бемории гузарандаи коронавирус аз Конгресс 2,5 миллиард доллар талаб хоҳад кард.

Чун шумораи афзояндаи гирифторон ба ин вирус рӯзи 24-уми феврал бозорҳои молиро аз Иёлоти Муттаҳида сар карда, то Олмону Итолиё ба тарс овард.

Кохи Сафед гуфтааст, беш аз 1 миллиард доллари дархостшуда аз буҷа барои омода кардани ваксина ва муҳофизати аҳолӣ аз вирус истифода карда хоҳад шуд. Ин вирус дар Чин пайдо шудааст ва зиёда аз 80000 кас дар саросари ҷаҳон ба он олуда шудаанд.

Рейчел Семмел, сухангӯи идораи буҷаи Кохи Сафед, гуфтааст, қисми мондаи маблағ барои дастгирии корҳои омодагӣ ва вокуниш, харидани таҷҳизот ва чизҳои зарурӣ сарф карда хоҳад шуд.

Рӯзи гузашта, 24-уми феврал, саҳмияҳо дар Wall Street бо зарари шадид ба поён расиданд, зеро бозорҳои ИМА дар саросари ҷаҳон бо ҳамкорони худ созгорӣ карданд. Шохиси “S&P 500” 3,35 дарсад поин рафт, дар ҳоле ки нишондиҳандаи миёнаи Dow Jones Industrial беш аз 1000 радда ё беш аз 3,5 дарсадро аз даст дод.

Дар вокуниш ба тез паҳн шудани вируси COVID-19 дар Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё, Nasdaq ҳам шоҳиди чунин коҳишҳо шуд ва даромаднокии 10 соли хазинадорӣ наздик ба сатҳи рекордӣ поин буд.

Нархи нафт низ кам шуд. Маркази савдои саҳоми Олмон, DAX Франкфурт 4,01 дарсад поин рафта, бозори Евростокс 50 4,01 дарсад афтид. Шохиси асосӣ дар биржаи Милан тақрибан 5,4 дарсад поин рафт.

Иморот парвози ҳавопаймоҳоро ба Эрон қатъ кард

Фурудгоҳи Дубай.

Имороти Муттаҳидаи Араб ҳама парвозҳоро ба Эрон қатъ кард. Ин ҳафта пас аз афзудани ҳолатҳои нав дар Эрон, Итолиё ва Кореяи Ҷанубӣ тарсу ҳарос аз ин бемории сирояткунанда афзоиш ёфтааст.

Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 80 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва тақрибан 2700 тани дигар, ки бештарашон аз Чин мебошанд, ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон рӯзи 25-уми феврал ба телевизиони давлатӣ гуфт, аз 95 ҳолати тасдиқшуда дар кишвар, боз се нафари дигар фавтиданд.

Дар ҳамин ҳол, Идораи умумии ҳавопаймоии Имороти Муттаҳидаи Араб парвозҳои мусофирбарӣ ва боркашонро ба Эрон барои як ҳафта бо мақсади пешгирии паҳншавии вирус бастааст.

Дар Имороти Муттаҳидаи Араб 13 ҳолат сабт шудааст, ки ду ҳолати охирин ба як сайёҳи эронӣ ва зани ӯ вобаста буданд. Ин кишвари арабӣ муҳимтари шарики тиҷоратии Эрон дар Халиҷи Форс аст.

Мирзиёев ба фурӯши саҳмияҳои "Фарғонаазот" дастур дод

Як коргоҳ дар Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 24 феврал дар мавриди ислоҳоти саноати кимиёии кишвараш ҷаласа баргузор кард.

Ба иттилои расмӣ, бо ҳадафи боло бурдани даромаднокии корхонаҳои соҳаи мазкур механизмҳои бозорӣ роҳандозӣ ва нархгузорӣ комилан бознигарӣ шудааст. Дар натиҷа соҳаи мазкур соли гузашта нисбати ба соли 2018 2,3 маротиба даромади бештар дидааст.

Мирзиёев дар ҷаласаи дирӯзӣ танқид кардааст, бархе аз маводи кимиёие, ки мумкин аст, дар дохили Узбекистон истеҳсол шавад, аз хориҷ ворид мегардад.

Президенти Узбекистон ҳамзамон масъалаи фурӯши саҳмияҳои корхонаи "Фарғонаазот" ва корхонаҳои дигари истеҳсоли неруҳои миниралиро ба саҳҳомони хориҷӣ дар миён гузоштааст.

Аммо фурӯши иншооти бузурги нафгу газ ва саноати кимиёӣ дар Узбекистон ба саҳҳомони хориҷӣ аз сӯи коршиносони мустақил танқид мешавад.

Як фаъоли ҷамъиятӣ дар боздоштгоҳи Нурсултон вафот кард

Дулат Агадил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон.

Пулиси шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 25 феврал хабар дод, ки фаъоли ҷамъиятӣ Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кардааст.

"Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

Шоми дирӯз фаъолони дигари Қазоқистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки мардони ношиносе Агадилро дар хонааш боздошт ва иҷборан ба самти номаълуме бурдаанд.

Аммо пулис мегӯяд, "24 феврал тақрибан соати 21:00 дақиқа Дулат Агадил дар манзилаш боздошт ва ба боздоштгоҳ оварда шуд".

Моҳи ноябри соли гузашта Дулат Агадили 43-сола аз боздоштгоҳи деҳаи Акмол фирор кард. Агадил дар боздоштгоҳи мазкур адои ҳукми маъмурӣ мекард. Он замон Агадил гуфта буд, ки ба далели ғайриқонунӣ будани парвандааш аз боздоштгоҳ фирор кардааст.

Дулат Агадил бо он маъруф аст, ки масоили иҷтимоиро ба баҳсу баррасӣ мегузорад ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандиву озодии баёнро талаб мекунад. Соли гузашта ӯро борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданд.

Эътирози аъзои Федератсияи иттифоқҳои коргарӣ дар Бишкек

Идораи Иттифоқи касабаи Қирғизистон.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон назди биноҳои Федератсияи иттифоқҳои коргарӣ ва порлумон аъзои федератсияи мазкур ҷамъ шуда, зидди раис интихоб шудани Мирбек Асанакунов эътироз карданд.

Коргарон мегӯянд, Асанакунов ғайриқонунӣ дар утоқи корӣ нишастааст, зеро шӯрои федератсия ӯро аз мақом барканор кард. Ширкатдорони эътироз гуфтанд, Асанакунов "дороии федератсияро дар ҳадафҳои шахсии худ харҷ мекунад".

Аъзои федератсия ҳамзамон зидди қабули тарҳи қонун "Дар бораи иттифоқҳои касбӣ" эътироз доранд, ки лоиҳаи мазкур баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Рисқул Бобоев, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои коргарӣ гуфт, тарҳи мазкур "иттифоқҳоро маҳв мекунад".

Ҷамъомадагон гуфтанд, чаҳор тан аз ширкатдорони эътироз дар қабулгоҳи раиси федератсия гуруснашинӣ эълом кардаанд.

Мирбек Асанакунов 16 январи соли 2017 раиси Федератсия интихоб шуда буд. То он замон вай аз ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон дар порлумон вакил буд.

Коронавирус: Нархҳо дар бозорҳои Тошканд гарон шуданд

Яке аз бозорҳои шаҳри Тошканд.

Дар бузургтарин бозорҳои яклухтфурӯшии шаҳри Тошканди Узбекистон нархҳо 5 дарсад боло рафтаанд. Соҳибкорон мегӯянд, нархҳо баъди он гарон шуданд, ки Қирғизистон роҳи тиҷорӣ бо Чинро баст ва интиқоли мол низ суст шуд.

Як соҳибкор дар "Маҷмааи савдои Урикзор"-и Тошканд гуфт, ба иллати номуайянии вазъ маҷбур шудааст, нархи молашро 5 дарсад боло барад. Ба гуфтаи ӯ, шумори муштариён ва фурӯши мол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

"Дар бозор эҳсоси тарс аз коронавирус низ мушоҳида мешавад. Ҳар сол дар арафаи 8 март савдо хуб мешуд, вале ҳоло муштариён каманд. Бинобар ин, бозор болоравии навбати нархҳоро "намебардорад". Вале ҳама аз ин нигаронанд, ки дар сурати ба поён расидани захираҳо чӣ кор хоҳанд кард", - афзуд ӯ.

Нархи масолеҳи сохтмонӣ дар баъзе аз бозорҳои Тошканд то ба 25-30 дарсад боло рафтааст.

Қирғизистон 24 январ, пас аз ошкоршавии коронавирус дар Чин марзҳои худро бо ин кишвар баст. Дар натиҷа роҳи тиҷоратӣ аз Чин ба Узбекистон баста шуд.

Додгоҳи Қирғизистон имрӯз парвандаи Аскаровро бозбинӣ мекунад

Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ дар Қирғизистон.

Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро имрӯз дубора бозбинӣ мекунад. Дар ин бора вакили дифоъ Валерян Вахитов хабар дод.

"Мо аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Чуй аз 29 январи соли 2017 шикоят кардаем. Додгоҳи Чуй баъди баррасии ҳолатҳои ошкоршуда ҳукми додгоҳи ноҳияи Бозорқурғонро бетағйир гузошт", - афзуд ӯ.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

Мақомдорони Тошканд барои буридани дарахтон 200 ҳазор доллар ҷарима шуданд

Тошканд, Узбекистон.

Мансабдороне, ки дар ноҳияи Яккасаройи Тошканд ба буридани дарахтон дастур дода буданд, 200 ҳазор доллар ҷарима шуданд.

Додситонии шаҳри Тошканди Узбекистон нисбати муовини раиси ноҳияи Яккасарой ва моликони ширкати сохтмонӣ парванда боз кард, ки дарахтонро бурида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, ширкати сохтмони "Building and supplies" 81 дарахтро бидуни иҷозат буридааст. Ширкат тасмим дорад, бинои истиқоматӣ бунёд кунад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон рӯзи 21 феврал ба додситонӣ шикоят бурд. Додситонӣ рӯзи 22 феврал барои омӯзиши ҳолати мазкур гуруҳи вижа таъсис дод.

Рӯзи 23 феврал ширкати "Building and supplies" дар ғайриқонунӣ буридани дарахтон гунаҳкор дониста ва 200 ҳазор доллар ҷарима шуд.

Додситонӣ гуфт, дар ивази дарахтони бурида ниҳолҳои нав шинонда шудааст.

Президенти Узбекистон аз 1 ноябри соли 2019 то 31 декабри соли 2020 дар буридани дарахтон моратория эълом кардааст.

Содироти барқи Туркманистон ба Узбекистон 13 маротиба кам шудааст

Кормандон хатҳои барқро таъмир мекунанд.

Содироти нерӯи барқи Туркманистон ба Узбекистон ба иллати садама дар хатти баландшиддати интиқолӣ 13 маротиба кам шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии "Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" рӯзи 21-уми феврал хабар дод.

Садама субҳи 21-уми феврал дар хатти интиқолие рух додааст, ки маркази барқу гармидиҳии Марӣ ва истгоҳи "Сардор"-ро ба ҳам мепайвандад. Ба Узбекистон низ аз истгоҳи "Сардор" барқ интиқол меёбад. Дар натиҷа содироти барқ ба Узбекистон аз 780 МВт то ба 60 МВт коҳиш ёфтааст.

"Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" 22-юми феврал хабар дод, ки мутахассисони туркман оқибатҳои садамаро дар хатти баландшиддат бартараф кардаанд. Содироти барқ аз Туркманистон ба Узбекистон рӯзҳои наздик дубора ба ҳаҷми пешин бармегардад.

Расонаҳои расмии Туркманистон дар бораи ин садама хабар надодаанд ва таъсири он ба сокинони худи Туркманистон низ маълум нест.

Дар ҳамла ба роҳпаймоён дар Олмон 30 кас захмӣ шуд

Пулиси Олмон дар маҳалли ҳодиса. Фолкмарзене, 22 феврал, 2020.

Дар шаҳри Фолкмарзенеи Олмон ронандаи мошини сабукрави "Мерседес" иштирокдорони як роҳпаймоиро пахш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа дасти кам 30 кас захмӣ шудаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд.

Пулиси Кассел хабар дод, ки ронанда боздошт шудааст. Мақомоти Олмон то ҳол ҳамлаи террористӣ будани ҳодисаро тасдиқ накардаанд, вале шоҳидон мегӯянд, ронанда вақте ба самти роҳпаймоён равон шуд, суръати мошинро якбора баланд кард.

Тавре маълум шуд, ронанда шаҳрванди 29-солаи Олмон аст.

Пулис Эссен дар "Твиттер" иттилоъ дод, ки пас аз ҳодисаи Фолкмарзене ҳамаи роҳпаймоиҳо дар ин ноҳия ба далели амниятӣ лағв шуданд.

Дар Олмон моҳи декабри соли 2017 чунин ҳодиса рух дода буд. Марде бо мошини боркаш ба анбуҳи одамон ҳамла кард, ки дар натиҷа беш аз даҳ кас кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳодиса ҳамлаи террористӣ эълом шуда, онро шаҳрванди Тунис Анис Амрӣ анҷом дода буд.

Коргардони маъруф Ҳарвӣ Вайнштейн ба озори ҷинсӣ айбдор шуд

Ҳарвӣ Вайнштейн ҳамроҳи ҳамсараш ҳунарманди бритониёӣ Ҷорҷина Чапман. Акс аз бойгонӣ.

Ҳайати мунсифа рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Ню-Йорк коргардони пешини Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейнро ба ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла озори ҷинсӣ ва таҷовуз айбдор донист.

Ба иттилои Reuters, дар сурати эътирофи гуноҳ бар асоси яке аз бандҳо - "ҳамлаи хушунатомези ҷинсӣ" ба Вайнштейн маҳрум шудан аз озодӣ то ба ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ нисбат ба Вайнштейн 11-уми март эълом мешавад.

Бештари ҳунармандони Ҳоливуд моҳи октябри соли 2017 Вайнштейнро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд. Дар натиҷа Вайнштейн аз шӯрои мудирони ширкат ва аз ҳайати Академияи синамои Амрико ихроҷ шуд.

Ҷамъан 80 зан коргардони пешини Ҳоливудро ба ҳолатҳои озори ҷинсие айбдор кардаанд, ки гӯё даҳ сол пеш рух додаанд. Дар миёни онҳо Гвинет Пэлтроу, Ума Турман ва Салма Гаек низ ҳастанд.

Дар Алмато соҳибони мошинҳои дорои рақами хориҷӣ дархости афв карданд

Соҳибони мошинҳо аз ҳукумати талаб доранд, ки пардохтҳояшонро кам кунанд. Алмато, 24 феврал, 2020.

Даҳҳо тан аз моликони мошинҳои дорои рақами қайди давлатии хориҷӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми феврал аз мақомот хостанд, ки мошинҳои воридкардаи онҳоро афв ва пардохтҳои дигарро барояшон кам кунанд.

Онҳое, ки аз Қирғизистон ва Арманистон ба Қазоқистон мошин ворид кардаанд, аз раиси маҷлиси Қазоқистон Нурлан Нигматулин хостанд, ки иқдоми моликони мошинҳоро ҷонибдорӣ кунад.

"Кӣ ин пардохтҳои миллиониро фикр кардааст? Пардохтҳое, ки аз арзиши худи мошинҳо бештар ҳастанд. Ин ҳисобу китобҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Сокинон имкони пардохти ин маблағҳоро надоранд. Ҳаҷми маош бо омори расмӣ мувофиқат намекунад. Талаби мардум чунин аст - ҳамаи мошинҳои то 1-уми феврал воридшуда қонунӣ гардонида шаванд ва ройгон дар сабти Қазоқистон гузошта шаванд",-гуфт Талгат Тилеубеков, яке аз моликони чунин мошинҳо.

Нурлан Нигматулин, раиси порлумони Қазоқистон оғози моҳи феврал аз тасмими мақомоти кишвараш дар мавриди мошинҳои дорои рақами қайди давлатии хориҷӣ интиқод карда буд.

Моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти Қазоқистон аз моликони мошинҳои дорои қайди давлатии Қирғизистону Арманистон дархост карда буд, ки мошинҳояшонро дар қайди Қазоқистон гузоранд ва пардохтҳои гумрукӣ, андоз ва дигар навъи пардохтҳоро супоранд. Онҳое, ки чунин мошинҳоро ду соли пеш ворид кардаанд, мақомот пешниҳод намуданд, ки барои 30 рӯз ба хориҷ аз кишвар баранд ва ё дар хориҷ онҳоро фурӯшанд.

Аз он замон то кунун моликони мошинҳои дорои рақами қайди хориҷӣ аз мақомот талаб доранд, ки тасмимашонро бозбинӣ кунанд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ба ин кишвар аз Арманистон, Қирғизистон, Белорус ва Русия - кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - бештар аз 170 ҳазор воситаи нақлиёт ворид шудааст.

Ҷоизаи "Қанди порсӣ" ба хабарнигор Дориюши Раҷабиён тақдим шуд

Маросими тақдими ҷоиза дар Лондон дар рӯзи 21-уми феврал

Дориюши Раҷабиён хабарнигори шинохтаи тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст. Ҷоизаро рӯзи 23-уми феврал дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар шаҳри Лондон, дар Ҳамоиши байналмилалии порсизабонон ба Дориюши Раҷабиён супурданд.

Конуни ҳамёрии порсизабонон аз баргузоркунандагони ҳамоиш ҷоизаро барои таъсиси гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук ва маҷаллаи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон ба хабарнигори тоҷик сазовор донистааст.

Дар гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук, ки бештар аз 12 ҳазор узв дорад ва 9 сол пеш таъсис ёфтааст, доир ба забони форсӣ, мушкилот дар забон дар Тоҷикистон ва рафъи хатоҳои роиҷ баҳс мешавад. Дориюши Раҷабиён айни замон дар бахши форсии Би Би Си дар Лондон кор мекунад. Ҷоизаи “Қанди порсӣ” ба афроде дода мешавад, ки дар ҳифзу ривоҷи забони форсӣ саҳм мегиранд.

"МедиаМаркер" -- Тарҳи нави рӯзноманигорони тоҷик дар Аврупо

Вебсайти "МедиаМаркер" ҳоло ба таври санҷишӣ кор мекунад

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик, қароргоҳаш дар Варшава, торнамо ё вебсайти нави худро бо номи "МедиаМаркер" ва бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ кард.

Масъулони тарҳ рӯзи 24-уми феврал бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки ҳадафи онҳо "таъмини озодии баён, постдошти арзишҳои демократӣ, тавлиди ахбори боэътимод, ошкор кардани ахбори дурӯғ ва беарзишсозии пропаганда дар зеҳни корбарон, ҳамчунин тадриҷан зудудани сонсур (сензура) ва худсонсурӣ аз муҳити расонаии Тоҷикистон" аст.

Тарҳ ба корбарон ҳам имкон медиҳад, ки худашон ба сифати маводи расонаҳо баҳо диҳанд.

Вебсайти "МедиаМаркер" ҳоли ҳозир ба таври санҷишӣ кор мекунад ва 11-уми март, дар рӯзи иди матбуоти тоҷик, расман фаъол хоҳад шуд.

Буҷаи тарҳ дар сол беш аз 57 ҳазор доллар будааст, ки ба гуфтаи масъулонаш 36 ҳазор доллари онро Комиссияи грантҳои хурди Амрико ва боқимондаро муаллифи тарҳ Саймуддин Дӯстов медиҳад. Дӯстов муассиси хабаргузории "Тоҷнюс" ва нашрияи "Нигоҳ" аст.

Кунгураи рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик моҳи апрели соли 2019 дар Лаҳистон бо ҳадафи "инкишофи маҳорати касбии рӯзноманигорону блогнависон ва боло бурдани маърифати расонаӣ дар ҷомеа" таъсис ёфт.

Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолияти баъзе аз расонаҳои мустақил қатъ шуд ва бархе аз рӯзноманигорон ба Аврупо паноҳ бурданд.

Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, синни нафақаро боло баранд

Бинои Бунёди нафақаи Узбекистон.

Ҷамшед Кучкаров, вазири молияи Узбекистон хабарҳо дар бораи боло бурдани синни нафақаро дар ин кишвар шарҳ дод. Вай гуфт, боло бурдани синни нафақа дар ҳоли ҳозир дар баррасӣ нест.

Пештар аз ин расонаи Daryo.uz бо такя ба як манбааш дар ҳукумати Узбекистон навишт, ки синни нафақа барои мардон то 62 ва занон то 58 боло бурда хоҳад шуд.

Медет Тлеуов, муовини мудири Бунёди нафақаи Узбекистон гуфт, дар ин кишвар 15 миллион аҳолии қобили меҳнат мавҷуд аст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 5 миллион кас андоз месупорад. Ин мақомдори Узбекистон гуфт, низоми нафақа аз имкониятҳои андозсупорандагон вобаста аст.

Намояндаи Бунёди нафақа ҳамзамон хабар дод, ки Узбекистон аз низоми муштараки нафақа ба низоми сесатҳии таъмини нафақа хоҳад гузашт.

Сатҳи аввал пардохти нафақаи минималии давлатиро дар бар мегирад. Сатҳи дувум - нафақаи дар суратҳисоби шахсӣ ҷамъшавии пардохтҳои нафақа ва сатҳи севум аз ҷониби шаҳрванд ворид кардани ҳаҷми нафақа ба Бунёди нафақаро дар бар мегирад.

Трамп омодааст, созишномаи сулҳро бо Толибон имзо кунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 23-юми феврал гуфт, агар оташбаси ибтидоӣ дар Афғонистон иҷро шавад, омодааст, бо гуруҳи Толибон созишномаи сулҳро имзо кунад.

"Ба назари мо, онҳо (Толибон) мехоҳанд созиш кунанд. Мо ин созишро мехоҳем. Фикр мекунам, ҳама чиз иҷро мешавад, мебинем", - изҳор дошт Трамп 23-уми феврал пеш аз сафараш ба Ҳиндустон.

Пештар, моҳи равон ҷонибҳо ҳафтаи "низоми коҳиши сатҳи хушунат"-ро эълом карданд, ки аз 22-уми феврал ба иҷро даромад.

Оташбаси мазкур бояд барои имзои созишномаи сулҳе шароитро фароҳам созад, ки бурунрафти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро дар пай хоҳад дошт. "Тавре шумо огаҳед, мо муҳлати муайяни бидуни хушунатро дорем. Нимрӯз гузашт. Бубинем, минбаъд чӣ мешавад", - афзуд Трамп. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки пас аз "19 соли ҷанг" замони баргашти нерӯҳои амрикоӣ ба ватан фаро расидааст.

Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 12 ҳазор сарбози амрикоӣ ҳузур доранд.

Расонаҳои афғонӣ хабар доданд, ки Толибон дар давоми ду рӯзи ахир чандин ҳамлаи кучак ба нуқтаҳои назоратие дар вилоятҳо анҷом додаанд, ки сарбозони маҳаллӣ қарор доранд.

Гурӯҳи вижа худсӯзии як занро дар Узбекистон таҳқиқ мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Додситонии вилояти Қашқадарёи Узбекистон барои омӯзиши қазияи сокини ноҳияи Косон Муқаддас Мустафоева, ки 19 феврал дар эътироз ба тахриби манзили зисташ дар назди бинои додситонӣ худро оташ зад, гуруҳи махсуси корӣ ташкил кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ноҳияи Косони Қашқадарё, гуруҳи кориро додситони калони вилоят Шохрух Ҳақбердиев раҳбарӣ мекунад. "Парвандаи ин ҳодисаро мутахассисони ҳукумати ноҳия, додситонӣ ва шахсони бетарафи мустақил ҳамаҷониба меомӯзанд",-омадааст дар иттилоияи ҳукумати Косон.

Ҳафта гузашта расонаҳо хабар доданд, субҳи 19-уми феврал Мустафоев ҳамроҳ бо падараш барои супурдани ариза ба додситонии вилоятии Қашқадарё рафтанд, вале посбонон нагузоштанд, ки падару духтар вориди бино шаванд. Дар натиҷа Мустафоева ба сару рӯяш бензин пошида, назди бинои додситонӣ худсӯзӣ кард. Олим Мустафоев, падари 66-солаи вай ҳангоми талоши наҷот додани духтараш ҷароҳат бардошт.

"Манзили духтари ман тибқи нақша бояд тахриб шавад. Мо як сол аст, ки зидди тахриб мубориза дорем. Касе намехоҳад моро гӯш кунад. Акнун мақомот мехоҳанд, тавассути додгоҳ хонаро тахриб кунанд. Аз ҳамин хотир духтарам худро назди додситонӣ оташ зад. Ман талош кардам, ки оташи ӯро хомӯш кунам, вале дастонам сӯхтанд. Бензин дар сару тани ман рехт ва дигар узвҳоям ҳам сӯхтанд", -гуфта буд Олим Мустафоев.

Қирғизистониҳо метавонанд, дар озмуни "Green card"иштирок кунанд

Акс аз бойгонӣ.

Сафорати ИМА дар Бишкек гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд, дар озмуни навбатии лотереяи корти сабз дар соли 2020 иштирок кунанд. Вале барои ин бояд талабҳои меъёрии иштирок дар озмунро иҷро намоянд.

Намояндагии дипломатии Амрико дақиқ нагуфт, ки бурд дар озмуни мазкур ба шаҳрвандони Қирғизистон ҳаққи сафар ба он кишварро хоҳад дод, ё не. Бархе аз шарҳнависон дар поёни хабари сафорат дар "Фейсбук" навиштаанд, ки маҳдудияти дарёфти раводиди ИМА барои қирғизистониҳо муваққатӣ аст ва корти сабз пас аз ду соли иштирок дода мешавад.

Кохи Сафед 31-уми январи соли равон дарёфти раводиди муҳоҷират ва корти сабзро маҳдуд карда, вуруди муҳоҷирони қирғизро ба Амрико манъ намуд. Вашингтон гуфт, ҷониби ИМА аз шеваи дарёфти шиносномаи қирғизӣ нигарон аст. Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу гуфт, раводиди Амрико танҳо ба сайёҳон, соҳибкорон ва донишҷӯёни қирғиз дода мешавад.

Мақомоти Қирғизистон ахиран гуфтанд, ки аз соли 2021 додани шиносномаҳои биометриро оғоз хоҳанд кард.

Бештари сокинони Эрон ба интихоботи порлумонӣ нарафтанд

Эрон рӯзи 21-уми феврал интихоботи порлумонӣ баргузор кард. 21 феврал, 2020.

Раъйдиҳандагони эронӣ ба андозаи чашмгир даъватҳои ҳукуматро ба иштирок дар интихоботи порлумонӣ нодида гирифтанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Эрон, шумори иштирокдорон дар интихоботи 21 феврал ба таври рекордӣ поин буда, 42,57 дарсади теъдоди умумии афроди қобили раъйро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба иштирокдорони интихоботи соли 2016 бист дарсад кам аст.

"Радио Фардо" -- бахши эронии Радиои Озодӣ навиштааст, ки иштироки ками раъйдиҳандагон зарба ба ҳукумати ин кишвар хоҳад буд. Аз ҳама дида сокинони шаҳрҳои бузургтарини Эрон дар интихобот кам иштирок кардаанд. Аз ҷумла, дар Теҳрон танҳо аз 20 то 30%-и шахсони қобили раъй иштирок кардаанд.

Талоши Тошканд ба нигаҳдории маълумоти шахсии корбарони узбек дар дохил

Акс аз бойгонӣ.

Тошканд аз таҳияи нақшае хабар дод, ки шабакаи иҷтимоии Facebook, низоми ҷустуҷии Google ва низоми ҷустуҷӯии русии Yandexро вазифадор мекунад, ки маълумоти шахсии корбарони узбек дар ҳудуди Узбекистон нигаҳдорӣ шаванд.

Ин нақша ба қонуни баҳсбарангези Русия монанд аст, ки соли 2014 қабул шуда, аз ширкатҳои интернетӣ талаб мекунад, маълумоти шахсии корбарони русро дар дохили ин кишвар нигаҳ доранд.

Муовини вазири рушди технологияи иттилоотӣ ва иртиботи Узбекистон Олимҷон Умаров 20 феврал гуфт, "маҳаллисозии серверҳо ва хадамоти сершумор дар ҳамкорӣ бо бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад".

Ба гуфтаи ӯ, ҷойгиркунии серверҳо дар УТазбекистон суръати Интернетро дар ин кишвар "10 маротиба" тезтар менамояд. Вале мунаққидон мегӯянд, ин иқдомҳо ба тақвияти назорати корбарони Интернет ва муҳтавое равона шудаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Тарафдорони Берни Сандерс дар Невада зиёдтар будаанд

Баҳси чаҳор довталаб дар аёлати Невада дар рӯзи 19-уми феврал.

Бино ба пешбиниҳо, Берни Сандерс довталаби 78-солаи мақоми раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран дар анҷумани Ҳизби Демократ дар аёлати Невада пирӯз шудааст. Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар 22 ҳавза нишон додааст, ки Берни Сандерс 46 дар сади раъйи аъзои ҳизб дар Невадаро ба даст овардааст.

Ба Ҷо Байден, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико 23 дар сад раъй додаанд. Пит Будеҷаҷ, раиси шаҳри Индиана ва Элизабет Воррен, сенатори аёлати Массачусетс дар мақоми саввум ва чаҳорум ҳастанд. Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Невада аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сатҳи тарафдорӣ аз номзадҳо дар саросари Амрикоро нишон медиҳад.

Невада назар ба ду аёлати дигар Ню Ҳемпшир ва Айова, раъйдиҳӣ дар онҳо сурат гирифт, гуногунмиллат аст ва аҳолии бештар дорад. Аммо барои соҳиб шудан ба мақоми номзади Ҳизби Демократ дар интихоботи тирамоҳи имсол дар Амрико довталабон роҳи дарозу ноҳамворе доранд. Ҳар касе, ки аз ҳизб пешбарӣ шуд бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълӣ ва намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико рақобат мекунад.

Владимир Зеленский рафтори ҳамватанонашро танқид кард

Владимир Зеленский ҳангоми ҳузур дар конфронси амниятии Мюнхен дар рӯзи 15-уми феврали соли 2020.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гурӯҳе аз мардумеро танқид кард, ки ба ҳамватанону хориҷиёни бозгашта аз Чин ҳамла карданд. Мақомоти Украина рӯзи 20-уми феврал 45 украинӣ ва 27 хориҷиро барои пешгирӣ аз сирояти вируси нави КОВИД-19 ба кишвар баргардонданд.

Дар ҳамин рӯз садҳо нафар аз тарси онки, ин афрод мумкин аст, беморӣ оварда бошанд, бо сангу калтакҳои оҳанин ба автобусҳои онҳо ҳамла карданд. Ҳодиса дар назди шифохонаи Горди Миллии Украина дар 300 километрии шарқи Киев рух дод. Барои монеъ шудан ба издиҳом садҳо маъмури пулисро фиристоданд ва даҳҳо тан аз ҳамлаварону эътирозгаронро дастгир карданд. Нӯҳ маъмури пулис захмӣ шуд ва бисёре аз боздоштшудагонро ҷавоб доданд.

Владимир Зеленский рӯзи 23-уми феврал дар шаҳри Киев гуфт: “Мо пайваста мегӯем, ки Украина дар Аврупо аст. Вале дирӯз чунин ба назар расид, ки мо дар Аврупои асрҳои миёна ҳастем.” Ӯ ҳамчунин гуфт: ”Мо медонем, ки касе барқасдона дар байни мардум воҳима барангехтааст.” Мақомоти Украина гуфтанд, онҳоеро, ки аз Чин оварданд, барои 14 рӯз дар шифохона нигаҳ медоранд ва сипас ҷавоб медиҳанд. Ба қавли мақомот, дар байни ин афрод ҳеҷ касе аломатҳои бемории навро, ки мисли бемории илтиҳоби шуш аст, надорад.

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Эронро эълон мекунанд

Мунтазири раъйдиҳӣ дар яке аз марказҳои интихоботӣ дар шаҳри Теҳрон.

Дар Эрон мардум мунтазири эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ҳастанд, аммо бисёриҳо шубҳае надоранд, ки дар ин корзорномзадҳои муҳофизакор ва ҷиноҳҳои тундрави сиёсӣ пирӯз мешаванд. Дар интихоботи имсола баръакси солҳои пешин мардуми зиёд ширкат накардаанд.

Дар остонаи интихоботи рӯзи 21-уми феврал мақомоти тундрави интихоботӣ ҳазорон ислоҳталаб ва ё сиёсатмадорони нисбатан мӯътадилро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Аз ин рӯ бисёриҳо интизор доранд, ки муҳофизакорону тарафдоронашон аксарияти курсиҳои порлумони Эронро ба даст меоранд.

Кумитаи Миллии Интихобот гуфт, ки қарор аст, натиҷаҳои раъйдиҳӣ рӯзи 23-уми феврал эълон шавад. Ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, номзадҳои муҳофизакор ба раҳбарии Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси собиқи шаҳри Теҳрон дар бисёре аз 30 ҳавзаи интихоботии шаҳр пешсафанд ва мумкин аст, бисёре аз ин курсиҳоро аз худ кунанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Фарзандони мансабдоронро ба артиш ҷалб мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
XS
SM
MD
LG