Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Отамбоев хостанд, манбаи дороиҳояшро ошкор кунад


Вакили порлумон, раҳбари ҷиноҳи "Ота Макон" Омурбек Текебоев, дар нишасти хабарӣ гуфт, президенти Қирғизистон дар бораи дороиҳояш бисёр суҳбат мекунад, вале намегӯяд, онҳо аз кадом ҳисобанд.

"Отамбоев мегӯяд, ин сарватро ба ӯ Худованд додааст. Ҳамаи мо медонем, ки вакил Осмонбек Ортиқбоев дору ва раиси порлумон Чинибой Турсунбеков орд мефурӯшанд ва даромад ба даст меоранд. Вале президент чӣ?", -- афзуд Текебоев.

Ба гуфтаи раҳбари ҷиноҳи "Ота Макон", вай дар Соли фарҳанг ва ахлоқ мехоҳад аз президент дархост кунад, то шарҳ диҳад, ки ин дороиҳои ӯ аз кадом ҳисобанд, чанд ҷойи корӣ таъсис дод ва чи қадар андоз пардохтааст. "Бигзор президент гӯяд, ки чи истеҳсол мекунад. Тило? ё сехи дӯзандагӣ дорад ва ё тарбуз мепарварад?", -- изҳор дошт Текебоев.

Сиёсатмадори қирғиз мегӯяд, як қатор корхонаҳо дар кишвараш, аз ҷумла ширкати "Қирғизавтомаш" моли Алмосбек Отамбоеванд ва ӯ ҳатто талош кардааст, ин иттилоъро санҷад.

"Отамбоев дар ин корхонаҳо ҳисса ё саҳм надорад. Миёни ӯ ва корхонаи "Автомашрадиатор" низ пайванде дида намешавад. Корхона ё заминҳое, ки қаблан хусусӣ шудаанд, ба фурӯш рафтаанд", - илова кард вакили қирғиз.

Текебоев афзуд, дороиҳое, ки гӯиё Худованд ба Отамбоев додааст, баъди соли 2010 ба даст омадаанд ва ба назари ӯ, рӯзҳои наздик рози сарватҳои президенти Қирғизистон ошкор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG