Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев дар паёмаш авлавиятҳоро номбар кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар бораи амалӣ кардани чанд лоиҳаи муштарак бо Чин хабар дод. Ин лоиҳаҳо дар доираи барномаи "таъсиси истеҳсолот дар Қазоқистон" амалӣ мешаванд.

"Бо ҷониби Чин ба созиш расидем. Иншоот муайян шудааст. Бояд кор кард. Ин истеҳсолоти муосир хоҳад буд, ки 20 ҳазор ҷои нави корӣ меофарад. Феълан шаш лоиҳа ба кор шуруъ кардааст, ду лоиҳаи дигар дар остонаи оғозанд", - гуфт Нурсултон Назарбоев.

Дар паёми хаттии президенти Қазоқистон авлавиятҳое зикр шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, ин кишварро "ба рӯйхати 30 давлати пешрафта шомил хоҳанд кард". Миёни авлавиятҳо мубориза бо фасод ва чораҳои пуштибонӣ аз иқтисод номбар шудааст. Дар паём омадааст, ки бояд эътимоди мардум ба додгоҳ боло бардошта шавад.

Дар паёми Назарбоев ҳамчунин дар бораи мубориза бо сармоягузории нерӯҳои харобкор ва зарурати муқобила "бо таблиғоти экстремизми динӣ" зикр шудааст. Ба гуфтаи Назарбоев, барои пешгирӣ аз тундравии динӣ танҳо зиндон кофӣ нест, бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам кор бурд.

Дар паёми хаттии Назарбоев ҳамчунин мубориза бо амнияти киберӣ зикр шудааст. "Ба ҳукумат ва кумитаи амнияти миллӣ дастур медиҳам, ки барои таъсиси низоми "Девори муҳофизати киберии Қазоқистон" чораандешӣ кунанд", - омадааст дар паём.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG