Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Қирғизистон: ба парвандаи Аскаров рангу бори сиёсӣ надиҳанд


Қирғизистон мулоҳизаҳои Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсонро ҳангоми содир кардани ҳукми Азимҷон Аскаров ба инобат гирифтааст. Дар ин бора сомонаи Додгоҳи олии Қирғизистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои нашршуда, парвандаи Аскаров комилан дар доираи адолати додгоҳӣ баррасӣ шуда, фаъолияти вакилӣ ва ё ба ақалияти миллӣ рабт доштани Аскаров ба эътибор гирифта нашудааст. Додгоҳи олӣ, ҳамчунин сиёсӣ кардани ин парвандаро қабул надорад.

"Баррасии парвандаи Аскаров кушода баргузор шуд, дар муҳокимаҳо ҳомиёни ҳуқуқ, нозирони байналхалқӣ, намояндагони расонаҳо, созмонҳои мухталиф ва сафирони хориҷӣ ширкат карданд. Ҷониби ҳимоятгар барои даъвати шоҳидони иловагӣ ҳаққи бемаҳдуд дошт", - омадааст дар хабар.

24 январи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон баррасии парвандаи Азимҷон Аскаровро ба охир расонида, ҳукми зинаҳои поёниро бе тағйир боқӣ гузошт. Зинҳои поёнии додгоҳ Аскаровро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Бо ин вуҷуд, дар хабари додгоҳи олӣ омадааст, ки Аскаров метавонад аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Чуй шикоят барад.

Азимҷон Аскаров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод баъди даргириҳои қавмии байни қирғиз ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум гардид. Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳукми Аскаров бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG