Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти табиби тоҷик дар Русия ба гумони таҷовуз ба як бемор


Бино ба иттилои расонаҳои Русия, дар вилояти Маскав як пизишки тоҷик ба иттиҳоми таҷовуз ба номус дастгир шудааст. Шабакаҳои телевизиони “Россия-24” ва “Life” аз қавли расонаҳои вилояти Маскави Русия хабар доданд, ки Н.Зиёдуллои 46-сола, пизишки тоҷиктабори бемористони шаҳри Тоболски ин вилоят дар бахши эҳёгарӣ ба зани бемори вазнин таҷовуз кардааст. Ин манобеъ мегӯянд, ин пизишки эҳёгар (реаниматолог) шаби 4 ба 5 январ дар бемористони шумораи 2 ба номуси зане, ки бар асари сӯхтори бештари баданаш осеб дида ва имкони муқобилият карданро надоштааст, дастдарозӣ кардааст. Гуфта мешавад, ин пизишк ба ҳангоми таҷовуз аз алкогол шадидан сархуш будааст. Феълан Н. Зиёдулло аз бемористон сабукдӯш шуда ва бахши Кумитаи бозрасии Русия дар шаҳри Подолск ин қазияро бозрасӣ мекунад. Н. Зиёдулло оиладор буда ва зан бо 4 фарзандаш дар Душанбе ба сар мебурдаанд.

XS
SM
MD
LG