Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” барои роҳёбӣ ба Ҷоми AFC. ВИДЕО


Рӯзи 30-юми январ дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии тимҳои “Ҳосилот”– и Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ”–и Афғонистон барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё нишасти матбуотӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Ҳосилот”-и Фархор, бо хабарнигорон рӯбарӯ шуд. Вай гуфт, “дастаи мо, ба мисли рақибамон, барои аввалин бор дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат мекунад. Мо ба ин бозӣ хеле омодагии ҷиддӣ дидем ва танҳо баҳри пирӯзӣ пой ба майдон мениҳем. Мекӯшем, ки вазифаи худ - ба марҳилаи интихобии Ҷоми AFC роҳ ёфтанро ҳал намоем. Мо рақибамонро хуб омӯхтем, навори бозиҳояшро тамошо кардем. Ба ғайр аз ин, ёвари ман Наҷмиддин Толибов, ки дар Афғонистон кор кардааст, дар бораи «Шоҳин Осмоӣ» ба мо маълумот дод.

Дар доираи омодагӣ ба ин бозӣ раҳбарияти “Ҳосилот” ҳайати дастаро пурқувват кард ва дар он чаҳор легионер бозӣ мекунанд. Сафаралӣ Каримов, капитани тими “Ҳосилот”, гуфт, ки ба мухлисони дастааш умед мебанданд ва мекӯшанд барои онҳо бозии хуб нишон диҳанд.

Талоши “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” барои роҳёбӣ ба Ҷоми AFC
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Баъдан Боир Игамбердиев, сармураббии тими “Шоҳин Осмоӣ”, ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос намуд. Ӯ иброз дошт, “ҳарду даста барои аввалин бор дар Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат мекунад ва мехостам, ки тими мо пирӯз шавад. Ба Душанбе 18 бозигар овардаем, ки се нафарашон ба тими миллии кишвар шомиланд. Мекӯшем, ки бозии зебо нишон бидиҳем. Дар бораи тими “Ҳосилот” иттилои фаровон дорем, медонем, ки дастаи пуртаҷриба ва пурқувват аст.

Самеуллоҳ Муҳаммадӣ, капитани тими “Шоҳин Осмоӣ”, ба хабарнигорон гуфт, “мутмаинан ҳар тим ба хотири бурд дохили майдон мешавад. Мо ҳам ба хотири бурд мерем ба дохили майдон. Ва мо ин ҷо ки омадем, ба хотири натиҷагирӣ ва бурд омадем.”

Бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё миёни дастаҳои «Ҳосилот» - барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва «Шоҳин Осмоӣ» - қаҳрамони Афғонистон 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Довари FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол) Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Лим Кок Хенг аз Сингапур ва Моҳд Шоҳрин Бин Че Умар аз Малайзия кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари FIFA Муҳаммад Ҷовиз аз Молдив вогузор шудааст.

Викраматунга Саманаратхна Мухандирамг Нимал аз Шри-Ланка нозири доварон ва Кемел Токабаев, мудири Лигаи футболи Қирғизистон, ба ҷойи Саид Ал-Масрии суриягӣ комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG