Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркия соли ҷорӣ ба Қирғизистон сафар мекунад


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ният дорад, давоми соли ҷорӣ ба Қирғизистон сафар кунад. Дар ин бора дар мулоқоти сафири Қирғизистон дар Туркия бо ёвари президент ин кишвар хабар дода шуд.

Тавре сафорати Қирғизистон иттилоъ медиҳад, мулоқот 27 январ барпо шудааст. Сафири Қирғизистон аҳамияти муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишварро зикр кард ва ба идомаи ин ҳамкориҳо даъват намуд.

Эрдуғон бори охир 9 апрели соли 2013 ба ҳайси сарвазири Туркия ба Қирғизистон сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG