Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Сурия расид


500 тонна кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Сурия расид ва ин кумакҳоро ҳукумати Сурия дарёфт кард.

Ёриҳои башардӯстонаи Қазоқистонро низомиҳои Русия ба Сурия расониданд. Кумакҳои Қазоқистон, ки аз орд, консерваҳои гӯштӣ, биринҷ, макарону чой иборат аст, ба вилоятҳои Ҳалаб, Латақиё ва Тартус ирсол мешавад. Тақсими ёриҳоро Ҳилоли Аҳмари Сурия назорат мекунад.

Дар бораи кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба Сурия дар рафти гуфтугӯҳои сулҳи ин кишвар дар Остона рӯзҳои 23-24 январ хабар расида буд. Мулоқоти ҷонибҳои даргири Сурия ва ҳайатҳои Русияву Туркияву Эрон дар Қазоқистон бенатиҷа ба поён расид.

Ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки соли шашум аст, давом дорад, бештар аз 400 ҳазор қурбонӣ ба ҷой гузошта, миллионҳо сокинро овора кардааст.

XS
SM
MD
LG