Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5,6 млрд сомонӣ барои таҷдиди роҳу пул ва туннелҳо дар Тоҷикистон


Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта 19 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 5 миллиарду 618 миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳои автомобилгард, сохтмони роҳҳои оҳан ва муҷаҳҳазсозии фурудгоҳҳо мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бахши аслии тарҳҳо, ба навсозии роҳҳои автомобилгард тааллуқ дошта ва маблағи 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ин муддат 100 километр роҳи мошингард, 18 пули иртиботӣ, 40 километр роҳи оҳан ва 3,7 километр туннел сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG