Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон феҳристи ягонаи истилоҳот таҳия мешавад


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таҳияи феҳрасти ягонаи истилоҳот дар кишварро оғоз кардааст. Саодатшоҳ Матробиён, муовини аввали ин кумита рӯзи сешанбеи 30 январ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол дар кишвар ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ шаклҳои мухталифи истилоҳотро истифода мекунанд, ки дар ҳаёти мардуми оддӣ мушкилотеро ба вуҷуд меоварад. Ба ин хотир, тасмим гирифта шудааст, ки феҳрасти ягонаи истилоҳот таҳия карда шавад.

Ҷаноби Матробиён афзуд, ки "ҳоло гурӯҳи коршиносони беш аз 200-нафарии ин ниҳод ба таҳияи чунин феҳраст шурӯъ кардаанд". Дар посух ба ин суол, ки ин раванд чӣ муддат идома меёбад, гуфт, ки "эълони замони ниҳоии анҷоми таҳияи ин феҳраст душвор аст, зеро коршиносон бо ҳар як ниҳоди давлатӣ сари ҳар як истилоҳ музокирот мекунанд. Аммо, метавонам дақиқ бигӯям, ки ин кор дар як сол анҷом намеёбад."

Саодатшоҳ Матробиён ҳамчунин хабар дод, ки дар соли гузашта Кумитаи забон ва истилоҳот бо сарфи маблағи 128 ҳазор сомонӣ феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ барои номгузории навзодҳоро таҳия карда, баъд аз тасвиби ҳукумати кишвар, ба шӯъбаҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Матробиён, дар ин феҳрасти дуҷилда ҳудуди 5 ҳазор номи миллӣ барои бачаҳо ва духтарчаҳои навзод гирд оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG