Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз хатари бозгашти паноҳҷӯён ба Афғонистон


Паноҳҷӯёни афғон мунтазири гирифтани санад дар назди дафтари Созмони Милал дар Пешовари Покистон.
Паноҳҷӯёни афғон мунтазири гирифтани санад дар назди дафтари Созмони Милал дар Пешовари Покистон.

Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, Афғонистон шоҳиди бозгашти теъдоди зиёди” паноҳандагон шудааст ва ҳукумат тавоноии қабули чунин теъдоди зиёди беҷошудагонро надорад.

Дар як гузориши ин муассисаи молии байналмилалӣ, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, омадааст, соли гузашта бештар аз 700 ҳазор паноҳҷӯи афғон аксаран аз Покистон ва Эрону кишварҳои Аврупо ва дигар ҷойҳо ба ватанашон баргаштаанд.

“Чунин бозгашт, дар шароити бекории зиёд ва вуҷуди беҷошудагони зиёд дар тули муноқишаҳои даҳсола, тавоноии ҳукумат дар ҷазби теъдоди зиёдро паноҳҷӯёнро заифтар мекунад” –омадааст, дар ин гузориш.

Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҳукумати Афғонистон хостааст, барои қабули муҳоҷирон ҳамоҳангсозии бештар дошта бошад ва ҷомеаи байналмилал ҳам барои пешгирӣ аз бӯҳрон ба Афғонистон кӯмаки молӣ ва башарӣ расонанд.

Ба тахмини созмон мумкин аст, то 18 моҳи дигар бештар аз 2 миллиону 500 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргарданд, ки тақрибан 10 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG