Мақомоти Русия мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ се тундрави исломиро дар Ҷумҳурии Доғистон куштанд. Раёсати умури дохилӣ дар Доғистон гуфт, маъмурони милисе барои боздошти тундравон дар шаҳри Хасавюрт рӯзи 29-уми январ хонаи онҳоро муҳосира карданд, вале ин се нафар ба ҷойи таслим шудан, ба маъмурони милиса муқовимат нишон доданд ва дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуданд.
Касе аз маъмурони амниятӣ дар ин задӯхурд осеб надидааст. Дар Доғистон тундгароии исломӣ солҳои ахир зиёд шудааст ва ифротиён мехоҳанд, дар ҷумҳурӣ қонунҳои шариат ҷорӣ шавад. Баъзе аз ин тундравон ба гурӯҳи ифротии ба ном Давлати исломӣ изҳори садоқат кардаанд.