Пайвандҳои дастрасӣ

Сотсиалистҳои Фаронса "раиси ҷумҳур" интихоб мекунанд


Бену Ҳамон
Бену Ҳамон

Ҳизби сотсиалистии Фаронса рӯзи 29-уми январ номзади ҳизб ба мақоми раиси ҷумҳурро интихоб мекунанд. Мануел Волсс, нахуствазири собиқ ва Бену Ҳамон, вакили чапгаро, ки ҳафтаи гузашта шаш номзади дигарро пеш гузашт, ду довталаби аслӣ барои расидан ба мақоми курсии раиси ҷумҳур ҳастанд.

Бен Ҳамон раъйдиҳандагонро бо пешниҳодоте ба мисли таъйини даромади умумӣ барои ҳама мардум ба худ ҷалб кардааст. Мануел Волсс мегӯяд, ки бо назардошти таҷрибаи нахуствазирӣ, ӯ номзади лоиқ ба мақоми раиси ҷумҳур аст. Вале назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҳеҷ яке аз номзадҳо дар даври аввали интихоботи моҳи апрел пирӯз намешаванд.

Қарор аст, маъмурияти Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, ки маҳбубияташро аз даст дод, ба поён бирасад. Бар асоси назарсанҷиҳо, Марин Ли Пен, сиёсатмадори ростгарои тундрав, Франсуа Филлон, як сиёсатмадори муҳофизакор, Эммануел Макрон, сиёсатмадори мустақили марказгаро, Жан Лук Мелехон, як чеҳраи чпгарои тундрав тарафдори бештар доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG