Вазорати дифои Афғонистон эълон кард, ки қасд дорад сафи занон дар артишро афзоиш диҳад. Муҳаммад Родманиш, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 27 январ гуфт, дар ҳоли ҳозир 1575 зан дар саффи артиш ҳастанд, ки ба 3 – 4 дарсади умумии сарбозон баробар аст. "Талош дорем, то ин нишондиҳанда ба даҳ дар сад расонда шавад", – афзуд ӯ. Муҳаммад Родманиш гуфт, ҳукумат барои ҷалби бештари занон ба хидмати ҳарбӣ як миқдор маош ҳам таъин кардааст. Хидмати ҳарбии занон дар артиш як баҳси доғи ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон аст.