Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар Туркия ба Ҷоми AFC омодагӣ мебинад


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ба мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 омодагӣ мебинад, боз як бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин дафъа рақиби душанбегиҳо тими “Пандурий” буд, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии дивизони олии футболи Руминия бозӣ мекунад.

Ин бозии севуми санҷишии “Истиқлол”, ки рӯзи 26-уми январ дар Анталия баргузор шуд, бо пирӯзии “Пандурий” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Драгош Фиртулеску дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 33-юм, ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» аз ин пеш дар ду бозии санҷишӣ дар Анталия аз тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон бо ҳисоби 1:2 ва аз бошгоҳи “Қайсар”-и Қизилӯрдаи Қазоқистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Бозии чоруми санҷишии «Истиқлол» дар Туркия рӯзи душанбеи 30-юми январ бо бошгоҳи “Енисей»-и Красноярск, ки дар дивизиони аввали Русия ҳунарнамоӣ мекунад, баргузор мешавад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Пандурий» (Руминия) – 0:1

Гол: Драгош Фиртулеску, 33.

«Истиқлол»: Никола Стошич, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 72), Артём Барановский (Соҳиб Саванкулов, 78), Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 83), Муҳаммад Ҳасан (Дилшод Восиев, 80), Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 69), Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков, Ристо Ристович (Эҳсони Панҷшанбе, 69), Манучеҳр Ҷалилов (Сиёвуш Асроров, 75).

Сардовар: Ясин Дуран (Туркия).

26 январ. Сиде (Анталия). Тамрингоҳи маҷмааи варзишии «Амирхон».

Футболбозони дастаи "Истиқлол" омодагиро ба мавсими нави футбол, ки барои қаҳрамони Тоҷикистон бо ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 оғоз меёбад, таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Мӯҳсин Муҳаммадиев идома медиҳанд.

Дастаи “Истиқлол”дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Осиёи Марказӣ бо тимҳои «Олтин Асир» (Туркманистон), «Олой» (Қирғизистон), ки ба мисли “Истиқлол” ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, рақобат мекунад. Ичунин ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 ба ин се бошгоҳи Осиёи Марказӣ мепайвандад.

“Истиқлол” нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили ғолиби бозиҳои плей-офф анҷом медиҳад.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG