Вазорати муолияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2016 будҷаи кишвар иҷро нашуд. Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 27 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли гузашта будҷаи кишвар ба миқдори 92,5 ва ё ба маблағи 7,3 млрд сомонӣ таъмин шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 586,1 млн сомонӣ кам мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳамин давра савдои хориҷӣ назар ба соли 2015, 11,8 дарсад кам шудааст.