Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофире аз Москва дар фурудгоҳи Тошканд "нопадид" шуд


Умар Бадалоев, сокини 38-солаи шаҳри Тошканд аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Москва ба Узбакистон омад, аммо аз фурудгоҳ берун нашуд. Ҳамсари вай Фирӯза Бадалова хабар медиҳад, ки як ҳафта шавҳарашро ҷустуҷӯ карда, аммо аз вай дараке нашудааст. Умар Бадалов дар Русия мардикорӣ мекард.Фирӯза Бадалова ба панҷ ниҳоди қудратӣ барои пайдо кардани шавҳараш муроҷиат кардааст.

- Ба муроҷиатҳои хаттиям то ҳол мақомот посух надодааст. Ман мехостам фаҳмам, ки шавҳарам дар куҷост. Мақомот бояд бигӯянд, ки шавҳарамро дар куҷо нигаҳдорӣ мекунанд, - мегӯяд Фирӯза Бадалова. Ҳомии ҳуқуқ Сурат Икромов нопадидшавии Бадаловро бо "облава" рабт медиҳад. Кормандони пулис сар аз тирамоҳи соли гузашта "облава"-и мусалмонҳоро шуруъ кардаанд. Ба гуфтаи Фирӯза, шавҳараш соли 1999 бо айби дингароӣ 17 сол зиндонӣ шуда буд. Вай соли 2003 дар пайи қонуни авф аз зиндон баромад.

XS
SM
MD
LG