Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти "дурӯғгӯ"-и тоҷик муҷозот шуданд


Дар соли 2016 беш аз як ҳазор мансабдор барои ироаи "омори бардурӯғ" муҷозот шудаанд. Дар ин бора рӯзи 26 январ дар нишасти матбуотие дар Душанбе Гулнора Ҳасан, директори оҷонсии омори Тоҷикистон хабар дод. Вай гуфт, барои пешниҳоди омори дурӯғ ин гурӯҳи мансабдорон дар ҳаҷми 279 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Вале бо зикри ин матлаб Гулнора Ҳасан аз бурдани исми ниҳод ё мақомдори мушаххас худдорӣ кард. Вай танҳо таъкид кард, ки баъди ошкор шудани омори нодуруст ва ё ғайривоқеӣ онҳо муҷозот шуданд.

Ҳадаф аз додани омори ғайривоқеӣ, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва бахусус дар маъракаи пахтачинӣ - як барномаи стратегии ҳукуматҳои Осиёи Миёна ҷой дошт, беҳтар ва баландтар аз дигарон нишон додани дастовардҳои соҳа аст. Як сабаби дигар дар намоиши "коғазӣ" ё "расмии" иҷрои нақшаи дар сатҳи баланди ҳукуматӣ гузошташуда мебошад.

XS
SM
MD
LG