Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп барои паноҳҷӯён дар Сурия "минтақаҳои амн" месозад


 Урдугоҳи паноҳандагони Сурия дар Туркия.
Урдугоҳи паноҳандагони Сурия дар Туркия.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, бо ҳадафи коҳиши муҳоҷират ба Ийолоти Муттаҳида ва таъсиси "минтақаҳои амн" барои аҳолии осоиштаи Сурия, фармон содир мекунад. Трамп рӯзи 25 январ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ABC гуфт, ки намехоҳад таҷрибаи бӯҳрони муҳоҷирати Аврупо дар Амрико низ такрор шавад. Бо ташвиқи ин барнома раиси ҷумҳури Амрико аз кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс даъват кард, ки онро сармоягузориӣ кунанд.

Биноба фармони Трамп, "минтақаҳои амн" дар Сурия бунёд меёбанд ва паноҳҷӯён дар он ҷо қарори ниҳоии кишвари сеюмро интизор мешаванд. Ҳамзамон бо ин, тартиби додани раводиди ИМА ба паноҳандагони Сурия ва манъи комили вуруди онҳо ба ин қаламрав баррасӣ мешавад. Паноҳандагони кишварҳои дигар низ то замони тасдиқ шудани тартиби нави омӯзиши санадҳо, барои 120 рӯз аз ҳақи вуруд ба Амрико маҳрум мешаванд.

Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботияш мусалмонҳоро "таҳдид ба Амрико" хонд ва даъват кард, ки аз вурӯди онҳо ба ИМА ҷилавгирӣ шавад. Суханони миллиардер мавҷи интиқодро дар матбуот ва шабакаҳои иҷимоӣ ба бор овард. Дертар тарафдорони Трамп гуфтанд, ки гап сари тундгароёни Исломӣ буд, на ҳамаи мусалмонҳо.

XS
SM
MD
LG