Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин Раббонӣ ба Тоҷикистон меояд


Мулоқоти Шарофиддин Имомов бо Салоҳиддин Раббонӣ дар Кобул.

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов рӯзи 25 январ бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ, тиҷорат, транзит, тарҳҳои иқтисодии минтақавӣ ва умури консулӣ, гуфтугӯ кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Шарофиддин Имомов ба Салоҳиддин Раббонӣ даъватномаи расмӣ аз сӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистонро барои сафари расмӣ ба Душанберо супурдааст. Салоҳиддин Раббонӣ гуфтааст, ки вазорати умури хориҷии кишвараш дар зудтарин фурсат таърихи сафари расмии ӯро ба Тоҷикистон муайян хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG