Пайвандҳои дастрасӣ

Гулчеҳра Бобоқулова ба табобати иҷборӣ маҳкум шуд


Гулчеҳра Бобоқулова, дояи узбакро, ки дар куштори кӯдаки чаҳорсола айбдор эълон шуд, иҷборан дар яке аз беморхонаҳои равонии Русия бистарӣ карданд. Дар ин бора Елена Россохина, намояндаи додситонии Москва дар суҳбат бо "Интерфакс" хабар додааст.

Додгоҳе дар шаҳри Москва 24 ноябри соли гузашта қарори иҷборан табобат шудани Бобоқуловаро содир ва ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ барои он ки дар ҳолати номукаллафӣ даст ба куштор задааст, озод кард.

Бино ба хулосаи додгоҳ, дояи узбак духтарчаро нахуст хафа ва баъдан сарашро аз тан ҷудо кардааст. Пас аз ин хонаеро, ки волидайни кӯдак ба иҷора гирифта буданд, оташ зада, дар натиҷа ба падару модари духтарча 5 миллиону 57 ҳазор ва ба соҳибхона 1 миллиону 483 ҳазор рубл зарари моддӣ расондааст.

Бобоқулова ба гуноҳи худ пурра иқрор карда, гуфт, ки дастури "садои Худованд"-ро иҷро кард. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон, Гулчеҳра Бобоқулова аз бемории равонии музмин ранҷ бурда, борҳо дар ватан табобат шудааст.

29 феврали соли 2016 баъди хомӯш кардани оташ дар яке ҳуҷраҳои воқеъ дар кӯчаи "Народного Ополчения"-и Москва ҷасади бесари духтарчаи чаҳорсоларо пайдо карданд. Каме баъдтар Бобоқулова дар назди истгоҳи метрои "Майдони октябр" ҳангоме боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи кӯдак "Оллоҳу Акбар" хитоб мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG