Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Ҳукми Аскаров гувоҳи заъфи низоми додгоҳист"


Азимҷон Аскаров дар додгоҳ.
Азимҷон Аскаров дар додгоҳ.

Бе тағйир боқӣ мондани ҳукми ҳабси абад нисбати Азимҷон Аскаров нигаронии амиқ ба бор оварда, аз заъфи низоми додгоҳии Қирғизистон хабар медиҳад. Дар ин бора Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раад ал- Ҳусайн изҳори назар кард. Матни изҳороти вай дар сомонаи Раёсати Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон нашр шудааст.

"Ҳукми додгоҳ комилан хилофи қарори Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон аст. Кумита ба ин қарор расида буд, ки Аскаров ғайриқонунӣ боздошт, дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ, шиканҷа шуда ва иҷозат надошт, то ба муҳокимаҳои додгоҳӣ омодагӣ бинад. Сарфи назар аз изҳороти Қирғизистон дар мавриди содиқ буданаш ба меъёрҳои байналхалқӣ ва решакан кардани шиканҷа, муҳокимаи додгоҳии Аскаров нишон дод, ки низоми додгоҳӣ ва ҳуқуқии ин кишвар камбудӣ дорад", - омадааст дар изҳорот.

"Боиси таассуфи амиқ аст, ки масъалаҳое, ки Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон зикр карда буд, дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ ба онҳо таваҷҷуҳи лозим сурат нагирифтааст ва додгоҳ изҳороти Аскаровро дар мавриди шиканҷа таҳқиқ накардааст. Ман такроран даъват мекунам, ки ҳукми Аскаров бекор шавад ва аз Қирғизистон мехоҳам, таҳқиқи ҳамаҷониба анҷом дода, адолатро барқарор кунад", - менависад Комиссари СММ.

Додгоҳи таҷдиди назари вилояти Чуйи Қирғизистон ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаровро 24 январ бе тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳ гуфт, гувоҳии шоҳидон ва зарардидагон гуноҳи Аскаровро исбот кард. Ҳамчунин далели шиканҷа шудан ва тафтиши нодурусти парвандаи Аскаров собит нашудааст.

Аскаров дар ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти вакилӣ машғул буд. Баъди ҳодисаҳои июнии соли 2010 вай бо гумони ташкили бетартибиҳо ва куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ Аскаров ба ҳабси абад маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG