Дар сохтмони фурудгоҳи нави Тошканд, ки шакли мурғи афсонавии Ҳуморо хоҳад дошт, 430 миллион доллар харҷ мешавад. Пештар хабар дода мешуд, ки барои сохтмон 330 млн доллар ҷудо шудааст. Эксимбонки Куриё аз сармоягузорони асосии сохтмони фурудгоҳи нави Тошканд аст. Интизор меравад, ин бонк 200 млн доллар ҷудо кунад.
Хабар дода мешавад, ки сохтмони фурудгоҳи нав давоми 3 сол ба охир расида, масоҳати умумиаш ду баробари фурудгоҳи кунунии Тошканд хоҳад буд. Тарҳи фурудгоҳи нав ба болҳои кушодаи мурғи афсонавии Ҳумо монанд мешавад. Аз рӯи нақша, фурудгоҳ метавонад дар як соат ба 1500 мусофир хидмат расонад.
Фурудгоҳи нави Тошканд аз рӯи таҷриба ва технологияи яке аз беҳтарин фурудгоҳҳои байналхалқӣ - фурудгоҳи "Инчхон"-и Куриё, ки борҳо ҷоизаҳои байналхалқиро соҳиб шудааст, бунёд мешавад.