Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Шоҳи Саудӣ Тоҷикистонро “шарики муҳими кишвараш” хонд

Салмон Ибн Абдулазиз оли Сауд

Салмон Ибн Абдулазиз оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ, дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон – Тоҷикистонро аз шарикони муҳими кишвараш дар минтақа хондааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, 23 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқот рӯзи якшанбе дар Риёз сурат гирифтааст.

Ба қавли ӯ, “Шоҳи Саудӣ ба масъулони девон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушди ҳаматарафаи робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ҳамаи корҳои лозимро анҷом диҳанд”. Арабистони Саудӣ эълон кардааст, ки тарҳҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, нерӯгоҳҳои обии бузургу миёна ва коркарду истихроҷи маъданҳои табииро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Тарафи Тоҷикистон дар навбати худ аз кумакҳои билоивази Арабистони Саудӣ ва аз ҷумла ёриҳояш ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар кишвар сиспосгузорӣ кардааст. Саудӣ соли 2015 барои рафъи оқибатҳои зилзила дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ёрӣ карда буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, дар раъси як ҳайат дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Ин ҳайат бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дидору гуфтугӯ кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зукоми мурғ дар чанд вилояти Қазоқистон ба қайд гирифта шуд

Дар панҷ вилояти Қазоқистон талафоти сартосарии мурғҳои хонагӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти он кишвар мегӯянд, ҳадди ақал дар се вилоят зукоми мурғ таъйид шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 сентябр мақомоти Қазоқистон хабар доданд.

"То имрӯз дар 26 ноҳияи 5 вилояти кишвар талафоти мурғи хонагӣ сабт шудааст. Шумори умумии мурғҳои талафшуда 12 ҳазору 926 сарро ташкил медиҳад. Талафот дар фабрикаи мурғпарварии вилояти Қазоқистони Шимолӣ ҳам сабт шуд. Дар ин фабрика 41 ҳазор мурғ талаф шудааст",-гуфт Гулмира Исоева, муовини вазири хоҷагии деҳоти Қазоқистон.

Чанд рӯз пеш мақомоти Қазоқистон аз паҳншавии "зукоми мурғ" дар он кишвар ва чораандешӣ зидди паҳншавии ин навъи зуком хабар дода буданд. Мақомот ҳамзамон содироти гӯшти мурғро аз вилоятҳое манъ карданд, ки дар онҳо зуком сабт шудааст.

Ҳукумати Қазоқистон ба сокиноне, ки мурғҳояшон талаф шудаанд, пардохти ҷуброн ваъда кард.

Даргузашти ҳамсари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ

Зебунисо Қутбиддинова.

Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари шоири маъруфи тоҷик марҳум Лоиқ Шералӣ шаби гузашта дар сини 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, чанд вақти ахир ӯ аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.

Комрон Ҳамроев, домоди ин хонадон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи васияти худи Зебунисо Қутбидинова, ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш Панҷакент интиқол доданд. Қарор аст маросими ҷанозаи ӯ имруз баргузор шавад.

Зебунисо Қутбиддинова муаллимаи забон ва адабиёт буд ва дар солҳо дар мактабҳои пойтахт ба шогирдон аз ин фан дарс мегуфт. Аз Зебунисо Қутбиддинова ва Лоиқ Шералӣ панҷ фарзанд ба мерос мондааст.

Шавҳари Зебунисо Қутбиддинова -- шоири маъруфи тоҷик устод Лоиқ Шералӣ 30-юми соли 2000 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шудааст.

Рӯзноманигорони қирғиз аз аҳзоб хостанд созишномаи озодии баёнро имзо кунанд

Намояндагони аҳзоби сиёсии Қирғизистон.

Гуруҳи ташаббускори рӯзноманигорон ва блогнависони Қирғизистон аз ҳизбҳои сиёсии он кишвар даъват кард, ки созишномаи озодии баёнро имзо кунанд. Дар ин бора аз созмони ҷамъиятии "Рӯзноманигорон" хабар доданд.

Созмони "Рӯзноманигорон", Иттиҳоди мустақили рӯзноманигорони Қирғизистон, чанд расона, коршиносони соҳаи расонаҳо ва рӯзноманигорон аз ҳизбҳои сиёсӣ даъват карданд, ки масъулияти таъмини озодии баён, демократия ва ҳуқуқи инсонро дар кишвар ба зима бигиранд ва ба созишнома бипайванданд.

Дар матни созишнома омадааст, ҳизбҳое ки ба он мепайванданд, шаҳодат медиҳанд, ки қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии аз сӯи порлумон дар оянда қабулшаванда бояд озодии баёнро таҳким ва рушд диҳанд; меъёрҳои ҳифзкунандаи озодии баён ва рӯзноманигоронро барқарор намоянд; иштироки намояндагони расонаҳо ва коршиносони соҳаи ВАО дар таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии марбути ин соҳаро таъмин кунанд.

Рӯзноманигорон мегӯянд, дар 29 соли истиқлолии Қирғизистон дар ин кишвар борҳо талош шудааст, ки озодии баён тавассути қонунгузорӣ маҳдуд карда шавад ва борҳо талош шудааст, ки тавассути расонидани фишорҳои ҷисмониву равонӣ садди роҳи фаъолияти рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа гирифта шавад.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябр таъйин шудааст. Дар ин интихобот 16 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.

Рекорди нави Узбекистон дар фурӯши тило

Акс аз бойгонӣ.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ Узбекистон бо арзиши 5,8 миллиард доллар тило фурӯхтааст.

Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, ин миқдор фурӯши тило нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,2 дарсад ё 1,8 миллиард доллар бештар аст.

Содироти тило дар 8 моҳи соли ҷорӣ 50 дарсади ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулоти Узбекистонро ташкил додааст.

Бино ба оморҳо, танҳо дар моҳи август Узбекистон ба маблағи бештар аз 2,5 миллиард доллар ба хориҷ тило содир кардааст. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар ҳашт моҳи имсол 24,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллиард доллар камтар арзёбӣ мешавад. Ба ин тартиб, содироти Узбекистон 11,6 миллиард доллар ва воридоташ 12,9 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар моҳи июл Узбекистон бо фурӯши 11,6 тона тило дар ҷаҳон дар миёни фурӯшандагони тило мақоми аввалро соҳиб шуда буд. Он моҳ Узбекистон 6,1 тона тило ба хориҷ содир кард.

Сокинони як деҳаи таърихии Бритониё олигархи қазоқро ба додгоҳ мекашанд

Нурлан Бизаков, олигархи қазоқ.

Сокинони деҳаи Ист-Хорслӣ дар Сассекси Шимолии Бритониё аз он нигаронанд, ки олигархи қазоқистонӣ Нурлан Бизаков мехоҳад дар ҳудуди фермаи асппарварии худ 205 бинои зист бунёд кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин сохтмонҳо симои деҳаи таърихии аз асри 12 боқимондаро хатчадор мекунад.

Ба навиштаи Daily Mail, Нурлан Бизаков соли 2010 фермаи асппарварии "Hesmonds Stud"-ро соҳиб шудааст ва сокинони Ист-Хорслӣ он замон истиқбол карданд, вале тасмими ғайриинтизори олигархи қазоқ дар бораи бунёди бинои зист дар ферма норозигии онҳоро ба бор овардааст.

Иштирокдорони маъракаи зидди бунёди биноҳои зист дар ҳудуди ферма мехоҳанд, олигархро ба додгоҳ бикашанд.

Маҷаллаи "Forbes" соли 2017 Нурлан Бизаковро ба феҳристи 50 соҳибкори сарватмандтарини Қазоқистон шомил карда буд. Дороии ӯ 445 миллион доллар арзёбӣ шуд. Ӯ дар солҳои гуногун узви шӯрои мудирони "Қазкоммерсбонк", мудири "ШНОС", муассиси "Нафтбонк", раиси шӯрои мудирони "Сумб" ва мудири "Қазфосфат" дар Қазоқистон буд.

Дар фермаи Hesmonds Stud зотҳои аспҳое парвариш меёбанд, ки дар мусобиқаҳои Англия ҳамеша ҷойҳои намоён мегиранд. Бизаков соли 2019 низ дар Фаронса фермаи асппарварии "Montfort & Préaux"-ро харидааст.

Беш аз 120 асари рассоми тоҷик ба коми оташ рафтааст

Ҷонибек Асозода, рассом

Оташсӯзӣ дар манзили зисти як рассом дар ҷануби Тоҷикистон садҳо китобу асар ва мусаввараҳои ӯро аз байн бурдааст.

Сухтор дар хонаи Ҷонибек Асозода, яке аз рассомони шинохта ва узви Академияи муссавирии Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ, рӯзи 17-уми сентябр рух додааст.

Вайс Асозода, писари рассом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 120 асари тозаэҷод ва китобхонаи хусусии падараш бо 750 китоб ба коми оташ рафтааст.
Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб аст. Ӯ яке аз фарҳангиёнест, ки соли 2014 "Чакан"-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд.

Ин яке аз офаридаи рассом аст, ки сӯхтааст
Ин яке аз офаридаи рассом аст, ки сӯхтааст

Мусаввараҳои ӯ дар даҳҳо чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ аз сирояти коронавирус ба 44 нафари дигар хабар дод

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мутахассисон васоили муҳофизатӣ барои табибон ва кормандони дигари тиббӣ намерасад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 42 мавриди нави бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва ҳамингуна теъдоди беморон ба 9388 нафар расидааст.

Вазорат рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки айни замон 113 нафар бо аломатҳои беморӣ зери назорати табибон қарор доранд ва 44 нафарро ҳам баъди муолиҷа ба хона ҷавоб додаанд.

Дар умум ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон тақрибан 87 дар сади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд ва аз баҳори имсол то кунун беморӣ 73 нафарро куштааст. Аммо на ҳама ба омори вазорат бовар доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот зиёдтар аз омори расмӣ аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи оянда "ғайриқонунӣ" аст

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.

Гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳуриро «ғайриқонунӣ» хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки натиҷаҳои онро эътироф накунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи кутоҳе гуфт, “интихоботи президентии 11-уми октябрро ғайриқонунӣ медонад, зеро, пас аз нақзи созишномаи Сулҳ ва пешвои миллат эълон шудани Э. Раҳмон, он дар мухолифат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои кишвар баргузор мегардад.»

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки дар интихобот «номзадҳои алтернативӣ ва мустақил ширкат надоранд ва натиҷаҳои он наметавонад, баёнгари раъйи мардуми Тоҷикистон бошад.» Бо назардошти ин гуфтааст, Паймони Миллии Тоҷикистон аз мардум, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст даъват мекунад, «интихобот ва натиҷаҳои онро ғайримашруъ бидонанд.»

Дар интихоботи президентӣ дар моҳи оянда панҷ номзад, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури феълӣ ширкат мекунанд. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар интихобот пирӯз эълон шавад ва барои 7 соли дигар раиси ҷумҳури Тоҷикистон бимонад. Тайи чанд соли ахир ӯ ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон, аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи бунёдӣ дар кишвар танқид мекунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.

ИМА афродеро, ки дар барномаи ҳастаии Эрон ширкат доранд, таҳрим мекунад

Оташи тупхона дар як пойгоҳи низомии Эрон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 21-уми сентябр 20 шахсияту ниҳодҳои марбутаеро, ки дар барномаи ҳастаӣ, аслиҳаи мушакӣ ва маъмулии Эрон ширкат доранд, таҳрим хоҳад кард.

Дар ин бора як мақоми баландпояи Амрико рӯзи 21-уми сентябр ба хабаргузории Рейтерс хабар додааст.

Рӯзи 19-уми сентябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки хилофи таҳримҳо дигар кишварҳо набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки агар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадориҳои худро оид ба иҷро кардани ин таҳримот риоя накунанд, ИМА чора хоҳад дид.

"Рӯзҳои наздик Иёлоти Муттаҳида як қатор чораҳои иловагиро барои пурзӯр намудани татбиқи таҳримоти СММ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

USAID гуфт, 300 000 нафарро дар Тоҷикистон бо оби пок таъмин мекунад

Бархе сокинони Тоҷикистон бо хару ароба аз масофаи дур оби ошомиданӣ меоранд

Як муассиаи имдодии Амрико эълон кард, ки ба иҷрои барномаи 12 миллион долларӣ барои таъмини мардуми деҳот бо оби пок дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадафи барномаи Оҷонси Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, ки дар муддати 5 сол иҷро мешавад, таъмини дастрасии камаш, 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба оби пок аст.

Дар баёния омадааст, ки “дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об, ба роҳи як кишвар ба самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва раҳоӣ аз пойбандӣ таъсири фавқуллода мегузорад.”

Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул, наздики 40 дар сади сокинонаш ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро низ "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд. Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Ӯ ин гузоришашро пас аз панҷ соли сафар ба Тоҷикистон нашр кард. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.

Вазирони Аврупо дигарбора таҳримот ба зидди Белорусро баррасӣ мекунанд

Дар Ҷумҳурии Белорус бештар аз як моҳ аст, ки эътирозҳо ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко идома дорад.

Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел дигарбора дар бораи эъмоли таҳримот ба зидди Белорус гуфтугу мекунанд. Се ҳафта пештар иттиҳодия қавл дод, ба зидди он мақомоти Белорус, ки ба саркӯби тазоҳургарон муттаҳам мешаванд, таҳримот ҷорӣ мекунад.

Бештар аз як моҳ аст, ки дар ин кишвар эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август ва раиси ҷумҳур Александр Лукашенко идома дорад. Интизор меравад, ки Светлана Тихановская, пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 21-уми сентябр бо Ҷузеп Борел, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазирони кишварҳои узв мулоқоти ғайрирасмӣ дошта бошад.

Иттиҳод феҳрасти таҳримот ба зидди Белорусро таҳия кардааст, вале Қибрис, як кишвари узв мухолифи он аст ва мехоҳад, Иттиҳоди Аврупо ба зидди Туркия ҳам барои корҳои иктишофии баҳсбарангез дар Баҳри Миёназамин чораҳое биандешад. Иттиҳоди Аврупо фақат дар сурати ризояти тамоми 27 узви хонавода метавонад, ба зидди кишваре таҳрим эъмол кунад.

Бунбаст дар масъалаи Белорус, даъватҳо барои ислоҳи ин муқарраротро ба вуҷуд овардааст ва аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва таҳримот, усули раъйи аксариятро истифода барад.

Иштироки ҳазорон нафар дар тазоҳуроти 20-уми сентябр дар Беларус

Эътирози сокинон дар Беларус

Ин эътироз дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 19-уми сентябр садҳо зани эътирозгар дар Минск боздошт шуд.

Мақомот бо мошинҳои зиреҳпуш роҳи ҳаракати эътирозгаронро бастанд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба мақомоти Беларус навишт, ки 10 эътирозгар боздошт шудааст.

Эътирозгарон талош доштанд, бо шиорҳое ба назди додгоҳи олии Беларус ва манзили зисти Лукашенко бираванд, вале пулис монеи онҳо шуд.

Эътирозҳо дар Беларус замоне оғоз шуд, ки Александр Лукашенкоро, ки 26 сол боз раҳбари Беларус аст, барандаи интихоботи 9-уми август эълон карданд.

Эътирозгарон Светлана Тиханвоская, рақиби Лукашенко дар интихоботро ғолиб медонанд ва бештар аз як моҳ боз эътироз доранд.

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани 30 узви Толибон хабар доданд

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Кундуз

Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад, ки беш аз 30 ҷангии Толибон бар асари зарбаи ҳавоии неруҳои ҳукуматӣ кушта шудаанд.

Масъулони вилояти Кундуз мегӯянд, дар миёни кушташудаҳо сокинони мулкӣ низ ҳастанд.

Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод, ки 19-уми сентябр ду зарбаи ҳавоӣ ба пойгоҳи Толибон дар ноҳияи Хонобод шимоли Кундуз зада шудааст.

Масъулини вилояти Кундуз мегӯянд, бар асари ин зарбаҳо дасти кам 12 шаҳрванди мулкӣ кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шудааст.

Зарбаҳои маргбор дар ҳоле зада шуданд, ки гуфтушуниди намояндаҳои ҳукумати Афғонистон бо Толибон дар Қатар идома мекард.

Фотима Азиз, узви порлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз гуфтааст, зарбаи аввали ҳавоӣ ба пойгоҳи Толибон зада шуд, аммо зарбаи дуввум ба шаҳрвандони мулкӣ, ки дар маҳалли таркиш ҷамъ омада буданд, асобат кардааст.

Вазорати дифоъи Афғонистон кушта шудани афроди мулкиро рад кард ва гуфтааст, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Толибон дар баёнияи худ марги ҷангиёни худро рад кардаанд ва гуфтанд дар ин ҳодиса 23 шаҳрванди мулкӣ кушта шудааст.

Нигаронӣ аз эътирози зидди маҳдудият барои эҳтиёт аз коронавирус

Фурудгоҳи Лондон

Тазоҳургарони норозӣ аз маҳдудсозӣ барои эҳтиёт аз “Ковид 19” рӯзи якшанбеи 19 сентябр бо кормандони пулис дар Ландан бархурд карданд.

Ин дар ҳолест ҳазорҳо нафар аз одамон ба хотири ширкат дар намоиши эътирозӣ дар Дюселдорфи Олмон таҷамуъ кардаанд. Чуноне шумораи гирифторони коронавирус дар Аврупо ба якборагӣ афзоиш ёфтааст.

Тазоҳурот дар Ландан дар замоне оғоз шуд, ки Содиқ Хон шаҳрдори Ландан аз эҳтимоли ҷорӣ намудани қуюди шабгардӣ хабар дод ва барои барвақтар бастани дари пивахонаҳо амр дода, равуои меҳмонӣ ба хонаҳоро манъ кард.

Ин тадобир ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ябораи гирифторӣ ба бемории "Ковид-19" гирифта шудааст.

Ҳукумати Бритониё дар ин ҳафта ҷамъшудани беш аз шаш нафар дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кард.

Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё гуфт бидуни тардид бо назардошти афзоиши гирифторони ин беморӣ кишвар ба мавҷӣ дуввуми “Коувид 19” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Маҳдудиятҳои алоҳидаи шадидтар дар шаҳрҳои Бритониё 13,5 миллион одамро фаро хоҳад гирифт.

Ҳамчунин дар Руминия вокуниши манфии мардум ба маҳдудсозӣ барои эҳтиёт аз коронвирус ба мушоҳида мерасад.

Садҳо нафар одамон дар Бухарест, пойтахти Руминия алайҳи маҳдудиятсозиҳо зидди коронавирус, аз ҷумла барои доштани ниқоби тиббӣ ва таҳсили фосилавии талабаҳои мактаб эътироз кардаанд.

Сарфи назар аз афзоиши мизони пандемияи “Ковид 19” дар Фаронса, рӯзи 20-уми сентябр марҳилаи ниҳоии "Тур де Франс" баргузор хоҳад шуд.

ИМА аз бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон хабар дод

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки хилофи таҳримҳо дигар кишварҳо набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки агар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадориҳои худро оид ба иҷро кардани ин таҳримот риоя накунанд, ИМА чора хоҳад дид.

"Рӯзҳои наздик Иёлоти Муттаҳида як қатор чораҳои иловагиро барои пурзӯр намудани татбиқи таҳримоти СММ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

Омодагии ҳазорон зан барои эътирози навбатӣ дар Беларус

Эътирози занон дар Минск, пойтахти Беларус

Интизор меравад, ки нисфирӯзии 20-уми сентябр, як рӯз пас аз он, ки пулис садҳо занро дар Беларус барои эътирози зидди Александр Лукашенко, президенти кишвар боздошт кард, ҳазорон зани дигар ба хиёбонҳо бароянд.

Видео аз эътирози рӯзи 19-уми сентябр дар Беларус

Дар эътирози рӯзи гузашта садҳо зан, ки талаби истеъфои Александро Лукашенко, президенти кунунии Беларусро мекарданд, аз ҷониби пулис боздошт шуданд. Ҳоло дар пойтахт ва дигар минтақаҳои Беларус занон тасмими ширкат дар эътирозӣ имрӯз, 20-уми сентябрро доранд.

Эътирозҳо дар Беларус пас аз анҷоми интихоботи президентии рӯзи 9-уми август то кунун давом доранд.

Эътирозгарон ба натиҷаи расмии интихобот, ки Александр Лукашенкоро барандаи он эълон кардааст, розӣ нестанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки интихобот шаффоф набуд ва дар асл, барандаи он Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко мебошад.

Лукашнеко, ки 26 сол боз раҳбарии Беларусро дар даст дорад, ба ин назар розӣ нест ва бо амри ӯ эътирозгарон саркуб мешаванд.

"Ковид-19" ё "илтиҳоби шуш"? Устоди риштаи журналистика даргузашт

Дӯстмурод Бобоев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дӯстмурод Бобоев, устоди кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и факултаи журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар синни 60 солагӣ даргузашт.

Ҳамкорони ӯ сабаби маргашро бемории “КОВИД-19” номидаанд, вале пайвандонаш гуфтанд, ки бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтид.

Наздикони Дӯстмурод Бобоев гуфтанд, ки ӯро як ҳафта пеш ҳангоми нафастангӣ ба беморхонаи “Якум советский” бурданд.

Ҷовид Муқим, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки Дӯстмурод Бобоев, дотсенти кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и ДМТ бар асари бемории кутоҳмуддати "КОВИД-19" аз олам гузашт.

Масъулони беморхонаи “Якум советский" ҳанӯз сабаби аслии марги ӯро шарҳ надодаанд.

Сангин Гулов, устоди Кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ гуфт, ҷасади Дӯстмурод Бобоев дар қабристони маҳаллаи 7-ум километри шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Дӯстмурод Бобоев тайи чанд соли ахир дар кафедраи "Кинопублитсистика: воқеият ва муаммои тасвири инсон"-и факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ фаъолият дошт.

Ӯ дар мавзуи "Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар публисистика" рисолаи доктории худро навишта, дар садади ҳимояи он буд.

Таҳдиди фармондеҳи эронӣ ба амрикоиҳо дар робита ба қатли генерал Сулаймонӣ

Ҳусейн Саломӣ

Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, таҳдид кард, аз ҳар касе, ки дар қатли Қосими Сулаймонӣ нақш дорад, интиқом хоҳанд гирифт. Генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳ, моҳи январи имсол дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд. Вебсайти Сипоҳи посдорон рӯзи 19-уми сентябр аз Ҳусейн Саломӣ иқтибос овард, ки гуфтааст, “Ҷаноби Трамп, интиқом гирифтани мо барои шаҳодати генерал возеҳ, ҷиддӣ ва қатъӣ аст.” Вай афзудааст, ба шахсоне, ки мустақим ё ғайримустақим дар кушта шудани Сулаймонӣ нақш доштанд, зарба хоҳанд зад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар аввали ин ҳафта ҳушдор дода буд, ки Вашингтон ба ҳар талоши Эрон барои гирифтани интиқоми марги генерал Сулаймонӣ ҷавоби сахте хоҳад дод. Таҳдиди Трамп баъди он садо дод, ки дар гузорише гуфта мешуд Эрон ҳамчун интиқоми қатли Сулаймонӣ қасд дорад сафири Амрикоро дар Африқои Ҷанубӣ бикушад. Ҳусейн Саломӣ қасди куштани сафири Амрикоро рад кард, аммо рӯшан кард, ки Эрон интиқоми фармондеши пешинро гирифтанист.

Дар Минск даҳҳо нафари норозӣ, аксаран занҳо дастгир шудаанд

Минск, 19-уми сентябри 2020

Пулиси Белорус рӯзи 19-уми сентябр даҳҳо нафари норозиро дар Минск боздошт кардааст. Онҳо бо роҳпаймоӣ дар пойтахт хостори истеъфои раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко шудаанд. Эътирозҳо аз рӯзи 9-уми август, замони интихоботи президентӣ дар Белорус идома дорад. Норозиён натиҷаҳои интихоботро, ки бино бар он Лукашенко баранда эълон шуд, намепазиранд. Дар натиҷаи тазоҳуроти беш аз як моҳи ахир ҳазорон нафар боздошту лутукӯб шуда, тақрибан ҳамаи роҳбарони асосии мухолифин маҷбур кишварро тарк кардаанд ва ё дастгир шудаанд. Садҳо нафари норозӣ, ки бисёре аз онҳо зан буданд, рӯзи 19-уми сентябр дар маркази Минск роҳпаймоӣ карданд ва муддати кӯтоҳе бо пулиси зидди шӯриш даргир шуданд. Пулиси зидди шӯриш даҳҳо занро боздошт кард. Дар миёни дастгиршудагон Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард

Светлана Тихановская

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард. Дар он дар хусуси даҳҳо ҳолати таҳқири инсон, дуздӣ, ихроҷи одамон ва зӯроварии ҷинсӣ зикр карда шудааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба тазоҳургарони мусолиматомез сурат гирифтааст. Кишварҳои узви Шӯро даъват карданд, ки дар Белорус зӯроварӣ нисбат ба тазоҳургарон қатъ шуда, ба боздоштҳои худсарона хотима диҳанд ва маҳбусони сиёсиву журналистҳо, ҳомиёни ҳуқуқ ва афроди дигареро, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ боздошт шудаанд, озод кунанд. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Белорус даъват намуд, ки бо мухолифини сиёсиаш паси мизи музокира нишинад. Рӯзи ҷумъа дар ҷараёни баррасии вазъи Белорус иштирокдорони Шӯрои ҳуқуқи башар барои тасдиқи ҳолатҳои таҳқиру зӯроварӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон талаб карданд, ки гуруҳи нозир ҷалб карда шавад. Дар ин бора номзади собиқ ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская ҳангоми суханронии онлайни худ зикр кард. Вай зарурати дахолати ҷомеаи ҷаҳониро ба Белорус таъкид кард, аммо намояндаи расмии Минск дар Женева гуфт, дар Белорус маҳбуси сиёсӣ нест ва нисбат ба тазоҳургарон зӯроварии ҷинсӣ сурат нагирифтааст.

Як навраси 11-сола дар Узбекистон аз COVID-19 ҷон бохтааст

Бар асари бемории коронавирус дар вилояти Тошканд як навраси 11-сола фавтидааст. Ӯ қурбонии хурдсолтарин аз COVID-19 дар Узбекистон ба шумор меравад. Қаблан дар Узбекистон аз марги хурдсолҳо бар асари бемории ҳамагир иттилоъ дода намешуд. Масъулони Вазорати тандурустии Узбекистон 18-уми сентябр иттилоъ доданд, ки дар рӯзҳои ахир се нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб, шумори фавтидаҳо дар ин кишвар ба 423 нафар баробар шуд.

Амрико замимаҳои WeChat ва TikTok-ро манъ мекунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 20-уми сентябр паҳну истифодаи WeChat ва TikTok, барномаҳои мутааллиқ ба Чинро дар фурӯшгоҳҳои замимаҳо, аз ҷумла App Store ва Google Play манъ мекунад. Ин тасмим ба корбарони хориҷ аз Амрико таъсир надорад. Вазорати бозаргонии Амрико дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр изҳорот дод. Дар ин ниҳод гуфтанд, барномаҳо бо Хадамоти махсуси Чин ҳамкорӣ дошта, дар бораи корбарон маълумот ҷамъ меоранд ва бино бар ин истифодаашон ба амнияти миллии Амрико хатар дорад. Уилбур Росс, ноиби вазири бозаргонии Амрико гуфт, "иқдоми имрӯза бори дигар собит мекунад, ки президент Трамп ҳама кори мумкинро мекунад, то амрикоиҳоро аз таҳдиди Ҳизби коммунисти Чин ҳифз кунад." Замимаи телефонии ТикТок, ки танҳо чаҳор сол аз умраш гузаштааст ва соли 2016 тавассути ширкати чинии ByteDancе офарида шуд, шабакаи маҳбуби ҷавонону навҷавонон аст. Ҷоест барои нишон додани видеоҳои 15-сониягӣ, як чизи шабеҳи Инстаграм. Бино ба гузоришҳо, ТикТок дар саросари ҷаҳон тақрибан 1 миллиард корбар дорад.

ВКД мегӯяд, як духтари тоҷик дӯстдоштаашро аз рашк оташ задааст

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки як духтари 21-солаи тоҷикро барои оташ задани дӯстдоштааш дастгир карданд. Ҳодиса 26-уми августи имсол дар канори дарёи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат рух додааст, вале хабари он рӯзи 19-уми сентябр расонаӣ шуд. Духтарро барои "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" гумонбар медонанд. Назари ҷониби дигар маълум нест. Рӯшан нест, ки ҳодиса дар чӣ шароите иттифоқ уфтодааст. Ба сабаби ошкор нашудани номи гумонбар пайдо кардани наздиконаш то ин дам бенатиҷа буд. Вазорат мегӯяд, духтар "аз ҳиссиёти рашк маъшуқаш, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо истифода аз бензин оташ задааст." Ташхиси тиббиву додгоҳӣ тасдиқ карда, ки ҷавон "ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст". Ҳоло духтар дар боздоштгоҳ ва ҷавон дар бемористон будаанд. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодиса ҷараён дорад.

Санаҳои баргузории бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон санаҳои баргузории бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро эълон кард. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 22-23-юми сентябр ва бозии ниҳоӣ 10-уми октябр баргузор мешаванд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи сешанбе, 22-юми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Дастаи «Равшан» дар майдони худ бо тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат мекунад.

Дар бозии дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 23-юми сентябр, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад, дастаи мизбон - «Хатлон» бо тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҳарду бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 соати 15:00 оғоз меёбад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал рӯзи шанбе, 10-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00.

Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат аст.

Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

22-юми сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

23-юми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истаравшан»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал

10-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Ғолиби ҷуфти нимфинал «Равшан»/«Регар-ТадАЗ» - Ғолиби ҷуфти нимфинал «Хатлон»/«Истаравшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Гуруҳи Шодиев ширкатҳои энержии Узбекистонро дар ихтиёр гирифт

Кобул Шодиев (аз тарафи чап)

Ҳадди ақал шаш ширкати бузурги саноативу энержии Узбекистон таҳти мудирияти ширкати SFI Management Group даромаданд.

Солҳои 2017-2018 Корхонаи металлургии Узбекистон, Корхонаи куҳиву металлургии Олмалиқ ва Корхонаи металлургии Тошканд дар ихтиёри ширкати SFI Management Group гузошта шуданд. Аммо ҷомеаи Узбекистон то кунун огоҳӣ надошт, ки се корхонаи дигари бахши энержӣ низ дар ихтиёри ширкати SFI Management Group гузошта шудааст.

Кобул Шодиев, роҳбари ширкати SFI Management Group ахиран гуфтааст, ки ширкатҳои "Узбекангишт", "Неругоҳи Ангрен" ва "Неругоҳи нави Ангрен" ҳам шомили ширкати SFI Management Group ҳастанд.

Аммо ин амр ҷомеаи Узбекистонро нигарон кардааст.

"Чаро ширкатҳои давлатӣ, ки даромади онҳо ҳадди ақал 10 дарсади буҷаи давлатро ташкил медоданд, ба ихтиёри ширкати хусусие гузошта шуданд? Агар барои мудирияти дурустӣ онҳо ин тасмим гирифта шудааст, пас чаро озмун баргузор нашуд ва ин кор шаффоф сурат нагирифт?", - гуфт як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG