Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ҳазорон нафар алайҳи Доналд Трамп


Ҳазорон нафар рӯзи 21 январ дар шаҳрҳои аслии Австралия ва Зеландияи нав ба хиёбонҳо рехта, алайҳи Доналд Трамп шиор доданд. Доналд Трамп, ки рӯзи гузашта ба унвони президенти нави Амрико савганд ёд кард, барои баёнияҳояш алайҳи занон дар маъракаи интихоботӣ мавриди интиқод қарор дорад. Чанд ҳазор зану мард дар маркази шаҳри Сидней ба ин эътирозҳо пайвастанд ва гурӯҳи бузурги мардум дар шаҳри Мелборн дар эътирозҳои монанд ба ин иштирок карданд. Онҳо шиор доданд, ки “бадбинӣ, суханони нафратангез ва табъиз – мушкили танҳо Амрико не, балки проблемаи ҳамаи ҷаҳон аст.” Садҳо тани дигар дар шаҳрҳои бузурги Зеландияи нав чунин ҳамоишҳои эътирозӣ барпо карданд. Ин ҳамоишҳо аз ҷумлаи 600 раҳпаймоие ба шумор меравад, ки қарор аст дар манотиқи мухталифи ҷаҳон баргузор шаванд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, Доналд Трамп борҳо барои амалкард ва баёнияҳояш дар мавриди занон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Ҳамоиши аслии “Раҳпаймоии занон”, қарор аст, рӯзи 21 январ дар шаҳри Вашингтон – пойтахти Амрико – баргузор шавад. Ҷое, ки баргузоркунандагон интизор доранд, ҳазорон муътариз ҷамъ омада ва садои онҳо ба гӯши маъмурияти Трамп хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG