Порлумони Туркия тарҳеро қабул кард, ки салоҳияти президент Раҷаб Таййиб Эрдуғонро афзоиш дода ва роҳро барои баргузории референдум боз мекунад. Раъйпурсии умумӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Туркия моҳи апрели имсол баргузор хоҳад шуд. Ин тарҳ бо 339 раъйи мувофиқ дар баробари 142 раъйи мухолиф пазируфта шуд. Ҳукумати Туркия ҳадафи ин иқдомро як давлати содатар ва муассир хондааст, аммо мунтақидон мегӯянд, ин кор метавонад ба Эрдуғон салоҳиятҳои беш аз ҳад бидиҳад. Ин ислоҳот ба раиси ҷумҳури кунунӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон эълони вазъияти фавқулода, таъини вазирону мақомоти дигари баландпоя ва пароканда кардани порлумонро иҷозат медиҳад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон соли 2014 ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркия нишаст. Вай то ин дам, тӯли 10 сол, нахуствазири Туркия буд. Мухолифонаш ӯро барои саркӯби дигарандешон баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли гузашта айбдор мекунанд.