Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марши занон" зидди президенти нави Амрико


Қарор аст, рӯзи 21 январ дар Вашингтон "Марши занон" баргузор шавад, ки ба қавли мақомоти расмӣ ҳазорҳо нафар дар он иштирок хоҳанд кард. Ин гирдиҳамоӣ зидди раиси ҷумҳури нави Амрико Доналд Трамп сурат мегирад. Оқои Трамп рӯзи 20 январ бо адои савганд расман раиси ҷумҳури Амрико шуд ва корашро аз имзои чанд фармон оғоз кард. Бо ин ҳол, дар рӯзи адои савганди Доналд Трамп дар Вашингтон тазоҳурот баргузор шуд. Эътирозгарон баъзе аз гузаргоҳҳоро барои меҳмонони ин маросим баста ва бо маъмурони пулис даргир шуданд. Бино ба гузориши телевизиони CNN, дар пайи даргирӣ миёни тазоҳургарони мухолифи Доналд Трамп ва нерӯҳои пулис дар хиёбонҳои Вашингтон, ду пулис захмӣ ва дастикам 90 тан боздошт шудаанд. Баъзеи ин афрод бо ниқобу либоси сиёҳ омада, зидди нажодпарастӣ шиор медоданд. Раҳбари гурӯҳи Disrupt J20 Алли Маккрейкен, аз ташаббускорони тазоҳурот, гуфт, ки тарафдорони ӯ норозигии худро аз гапҳои Трамп дар бораи занон, муҳоҷирон ва мусалмонҳо баён мекунанд.

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG