Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп, президенти нави Амрико, нахустин фармонҳоро имзо гузошт. Вай бо тасдиқи аъзои тимаш, феҳристро барои баррасӣ ва қабул ба Конгресс фиристод. Трамп, инчунин, қонунеро имзо кард, ки ба генерали мустаъфӣ Ҷеймс Маттис иҷоза медиҳад, раҳбарии Пентагон ё Вазорати дифои Амрикоро бар ӯҳда бигирад. Президенти нави Амрико хостори эълони Рӯзи ватандӯстӣ дар Амрико шудааст. Баъд аз адои савганд дар Вашингтон, Доналд Трамп гуфт, барои ӯ авлавият Амрикост ва ваъда дод, ки ҷойҳои кориро ба амрикоиҳо баргардонда ва марзро мустаҳкам хоҳад кард. Дар масоили байналмилалӣ ӯ гуфт, тамоми ҷаҳонро алайҳи “терроризми исломӣ” муттаҳид мекунад ва эътилофҳои кӯҳнаро тақвият мебахшад. Доналд Трамп рӯзи 20 январ расман савганд ёд кард ва дар Кохи Сафед Барак Обамаро иваз намуд. Обама тӯли ҳашт соли охир раёсати ҷумҳуриро Амрикоро бар дӯш дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG