Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як сол 14 қочоқчии афғон дар марз бо Хатлон кушта шудаанд


Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки дар як соли ахир 14 қочоқчии афғон, ки мехостанд ба дохили Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол бидиҳанд, дар ҳудуди ин вилоят кушта шудаанд. Зафар Сайфуллозода, сардори Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарӣ ҳамзамон таъкид кард, ки давоми ин мудат 300 килогарм маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Сардори Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Хатлон ҳамзамон иддаои Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав дар робита ба ҳузури гурӯҳҳои мафияии қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистонро "беасос" хонд. Вилояти Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дорад ва яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддир гуфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG