Пайвандҳои дастрасӣ

Нафақахӯрони ӯзбек пули нақд мехоҳанд, на корти пластикӣ


Даҳҳо нафақахӯри ноҳияи Деҳнави Ӯзбекистон назди бинои ҳукумати маҳаллӣ гирди ҳам омада, талаб доранд, ки нафақаи онҳоро бо пули нақд пардозанд, на корти пластикӣ. Ба гуфтаи нафақахӯрон, аз кортҳои пластикии онҳо 22-27 фоизи пули нафақа ситонида мешавад. Аз ин рӯ бисёре аз онҳо давоми 3-4 моҳ наметавонанд пулҳояшонро бигиранд.

"Барои нафақаро аз бонкоматҳо гирифтан, аз мо 20 ҳазор сӯм меситонанд", - мегӯяд як нафақахӯр. "Номи ман Боймуродов Намозбобо. Ман беш аз 80 сол син дорам. Назди бинои ҳукумат истодаам. Наметавонем нафақаамонро бигирем. Аз ҳамин хотир ҳамаи ин куҳансолон имрӯз инҷо ҷамъ шудаанд", - мегӯяд марди солхӯрда.

Созмондиҳанди гуруҳи "Ҷонибдорон ва тими пуштибонӣ аз Шавкати Мирзиёев" Бахтиёр Ҳасан ин видеоро дар Фейсбук нашр карда, зераш чунин шарҳ навиштааст: "Ҷанҷол дар Деҳнав, ҳоким аз нафақахӯрон фирор мекунад. Мардум аз ҳокимон розӣ нестанд, зеро онҳо бо усулҳои куҳна кор мекунанд".

Аммо муовини ҳокими ноҳияи Деҳнав ин даъвои нафақахӯронро рад мекунад. "Нафақа бе таъхир ҳар моҳ пардохта мешавад. Ҳеч кас назди бинои ҳукумат эътироз накардааст", - мегӯяд муовини ҳоким.

Корбарони интернет аз Ӯзбекистон менависанд, ки дар бисёре аз ноҳияҳои ин кишвар чунин вазъият ҳукмфармо аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG