Пайвандҳои дастрасӣ

ACT Airlines: ҳавопаймои суқуткарда бояд борашро холӣ мекард


Ҳавопаймои "Боинг-747", ки субҳи 16 январ дар наздикии фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон суқут кард, барои холӣ кардани бораш мехост фуруд ояд. Дар ин бора намояндаи ширкати ACT Airlines Оиша Кинран иттилоъ медиҳад.

"Ҳавопаймо сӯзишвории кофӣ дошт. Дар ин масъала ҳеҷ мушкиле набуд. Ҳавопаймо мехост дар Бишкек фуруд ояд ва борашро холӣ кунад. Бори хатарноке дар ҳавопаймо мавҷуд набуд", - гуфт Кинран.

Дар номаи ширкат омадааст, ки ҳавопаймоҳои ACT Airlines то замони суқути "Боинг-747" беш аз 50 бор дар фурудгоҳи "Манас" нишастаанд. Намояндаи ширкат ҳамчунин рад кардааст, ки гӯё ҳавопаймо чанд маротиба талош кард, то дар фурудгоҳ нишинад.

Ҳавопаймои борбари "Бониг-747-400" соати 7-20 дақиқаи субҳи 16 январ дар наздикии фурудгоҳи "Манас" суқут кард. Ин ҳавопаймо дар масири Гонконг-Бишкек-Истамбул парвоз дошт.

Пештар аз ин ноиб-сарвазир Қирғизистон Муҳаммадқалий Абулғозиев хабар дода буд, ки ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ мехост фуруд ояд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 37 тан кушта ва беш аз 14 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG