Пайвандҳои дастрасӣ

Си Ҷин Пин: "Ҷангҳои тиҷоратӣ қаҳрамон надоранд"


Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин

Раҳбари Чин - Си Ҷин Пин Форуми умумиҷаҳонии иқтисодиро дар Давос, бо ҳимояи умумишавии иқтисод ва тиҷорати озод ифтитоҳ кард. Ӯ нахустин раҳбари Чин аст, ки дар тӯли 47 соли мавҷудияти Форуми Давос, дар нишасти солонаи раҳбарони ҷаҳон ва бизнесҳои бузург иштирок мекунад.

Си Ҷин Пин гуфт, ки дар "мушкилоти иқтисодии ҷаҳон" набояд умумишавиро гунаҳкор кард. Ба гуфтаи раҳбари Чин бӯҳронҳои иқтисодӣ натиҷаи талошҳои аз ҳад беши ба даст овардани фоидаи зиёд аст. Си Ҷин Пин даъват кард, ки аз сиёсати муҳофизакорӣ дар иқтисод даст бикашанд ва ҳушдор дод, ки дар ҷангҳои тиҷоратӣ касе қаҳрамон намешавад.

Форуми чаҳоррӯза дар Шветсария дар пасманзари ин нигарониҳо ҷараён мегирад, ки маъмурияти нави Амрико метавонад дар иқтисод сиёсати "протекционизм" ё муҳофизакоронаро ба роҳ монад.

Президенти мунтахаби Амрико, ки маросими савганди ӯ 20 январ баргузор мешавад, ба созишҳои байналмилалии тиҷоратӣ назари мухолиф дорад. Ӯ баъди интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳур таҳдид кард, ки таруфаҳоро ба маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешавад, афзоиш хоҳад дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG